Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар яке аз ҳуҷраҳо худи ў меистод, дар ду ҳуҷраи дигар нозирони минтақавӣ, дар як ҳуҷрааш нозири минтақавӣ оид ба корҳои ноболиғон ва ҳуҷраи панҷумаш, ки аз ҳама калонтар буд чун толори маҷлисгоҳ истифода бурда мешуд. Маҳз дар ҳамин ҳуҷра дружиначиёни ихтиёрии халқӣ, ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо вохўрда, роҳҳои бартараф кардани омилҳоеро ки оромию осоиши шаҳрвандонро халалдор месохтанд, ҷўё мешуданд.
Умуман, кор дар ин ҷо баъди соати 18 оғоз ёфта, анҷоми он ба соати 23 рост меомад. Тайи чанд рўз Қурбон Дўст ҷустуҷўи он ду нафареро ба дўш дошт, ки соатҳои 1855– 1905 – и рўзи 8 – уми декабр дар он шаби пурбарф аз паҳлуи бинои 25\4 – и кўчаи Хуросон гузашта буданд ва ба қавле аввалин шуда он ду нафарро мудири «Мағозаи молҳои омехта» Екатерина Самохина дида буд.
Шояд ҷустуҷўйи онҳо лозим ҳам намебуд, агар Самохина кормандони милисаро бовар намекунонид, ки маҳз пайи пои ҳамон ду нафарро болои барф дар муқобили нақши пойи он нафаре дидааст, ки дар паҳлуи дари тарафи рости автомашинаи жигулии рангаш кабуд меистод. Чун дар он шаби пурдаҳшат ҳамон нақши пойро Самохина дар пеши дари даромадгоҳи бинои нуҳ ошёна, ки ду нафар ба қатл расонида шуда буданд низ дида будааст тафтишот ёфтани жигулии рангаш кабуд ва шахси ба он нишастаро ҳамчун назарияи асосии корҳои ҷустуҷўйи қарор дод. Ба мақсади маълумоти бештаре дар нисбати шахси гумонбаршуда пайдо намудан, ҷустуҷўйи он ду дилдодаро ба зиммаи майори милиса Қурбон Дўст ва зердастонаш вогузоштанд.
Ҳарчанд то кунун барои хулосабарори вақт буд, вале Сорбони Ҳомид ҳамроҳи сардори ШКД бар он ақидаанд, ки автомашинаи «ВАЗ– 2105» рангаш кабуд, ки рақами давлатиаш 19 –
68 РТ 01 шаби гузашта дар кўчаи Н. Қарабоев таркидааст ин ҳамон автомашинаест, ки чанд рўз пеш беш аз ду соат рў ба рўйи мағозаи молҳои омехта тавоққуф намуда ва нафари ба он нишаста чун гумонбар дар одамкушӣ мавриди ҷустуҷўйи милиса қарор гирифта.
Қурбон Дўст то ба назди дари дафтари кории хеш расидан дигар дарҳоро низ кушодани шуд, то бифаҳмад зердастон дар чӣ коранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё