Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин дафъа ў суҳбати расми хешро бо Гулбарг Амон ба ёд овард.
– Шахсе ки бандаро ба муқобили Розиқ Амон барангехт худаш роҳи ҳалли ин масъаларо дарёфт. Охир ман худам ба ў дар бораи рафтори ноҷавонмардонаи шавҳарам, ки қасри дар маҳаллаи Зарафшон будаашро ба номи ҷиянаш номнавис карда буд, хабар дода будам. Аз он чӣ ки қаср аз даст рафт заррае ҳам зиён надидам. Охир чизи набуда чаро боиси парешонии хотири ман мегаштааст? Худатон як фикр намоед. Ана ҳамон, нафаре ки сирри ишқварзиҳои шавҳарро ба ман ошкор кард, роҳи ба куҷо рафтан ва бо кӣ рози дил намуданамро ҳам фаҳмонида дод. Аз он ки баъди ду ҳафтаи суҳбати банда бо пешхизмати қаҳвахонаи «Олами роз» шавҳарам қасри ҷиянашро дар маҳаллаи Зарафшон фурўхт, ман аниқ боварӣ ҳосил намудам, ки Сарвиноз он «рози ниҳони дили банда»ро то ба ҷойи зарурӣ расонидааст. Дар ҳамон шабу рўз ман сўхтанҳои дили вай беимону бевиҷдонро дида қабат – қабат гўшт гирифтам, вале афсўс, ки ин хурсандии хешро ошкоро баён карда наметавонистам, зеро мақсаду мароми зиёде бандаро дар пеш буд ва агар қотил ба вай бешарафи оқипадар «ёрӣ» намедод, ў дар пеши чашми ман чун саг бо хорию зорӣ ҷон медод. Барои амалӣ шудани ниятҳои хеш банда ҳама гуна чораҳоро андешида будам ва бо «ёрӣ» – и банда аз даст додани қасри кошӣ дар маҳаллаи Зарафшон ин танҳо як фатире аз нўги хамир буд…
– Ба ҳар ҳол ў хатто кардааст, – зери лаб ғунгос зад муфаттиш.
– Кӣ?
– Ҳамоне ки дар куштори Сарвиноз ва Насим даст дорад.
– Далел? – нидо омад аз қалбаш.
– Агар ҷинояткор ба Гулбарг Амон барои аз қафои шавҳараш реҳлат намудан роҳхат медод, чор нафар захмӣ, як нафар бе ному нишон ва ду хабаркаш ҳалок намешуданд.
– Дар ин хусус ҳақ ба ҷониби шумост сэр.
– Дигар аз андешаҳои банда чӣ суд, ҳама кор тарзе сурат гирифт, ки яке мурда бимонду чанд тан зинда бирафт.
– Боз вай милиса андеша бар он дорад, ки гўё ҷинояткор чун шоҳмотбози моҳир чанд ход (қадам) – и тафтишотро пештар медонад. Ба фикри ҳамон милиса мо розӣ нестем.
– Чаро?

пешина
аз 558
навбатӣ