Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун онҳо ба самти ҳаракати автомашина ҳаракат намуда саргарми андешаҳои хеш рафтан гирифтанд ў норинҷак бигирфту чун духтури ҷарроҳ ба иҷрои амалиёт пардохт…
– Бубахшед, ки шуморо партофта рафтам, - баробари дарро кушодан гуфт Насим.
– Он духтараки ҳамроҳат канӣ?
– Ў паҳлуи рост истодааст.
– Хуб мешуд, ки ўро бо худ мегирифтӣ. Исто ки вай кист?
– Ҳамон духтаракест, ки фардо бояд ба хостгориаш равед акаи Ҳотам.
– Эй офарин. Акнун бигў ки ў чӣ хел ин ҷо пайдо шуд, мабодо аз қафоят назорат набурда бошад?
– Не, ў ҳамин хел аз роҳ гузашта рақами автошинаро дидааст. Гумон намудааст, ки ман ҳамроҳи кадом паричеҳрае…
– Хайр шуд беҳтар мешуд, ки арўсшавандаатро то ба манзилаш мебурдӣ, – гўён Ҳотам Илёс аз автомашина фаромад.
Насим, ки ҳанўз фурсати ба автомашина нишастан наёфта буд, аз чунин ранг гирифтани кор каме дасту по хўрда гуфт:
– О, ин чӣ хел мешавад, рафиқ полковник?
– Ҳеҷ гап не, ҳамааш нағз мешавад. Фардо субҳ занг мезанӣ ва вақту соати ба хостгорӣ рафтанро муайян мекунӣ. Дар ин бора бо маҳбубаат ҳама гапро пазон, боз нашаваду…
– Вай сад дар сад розӣ аст.
– Барои духтари мусулмон ин танҳо як тарафи масъала аст.
– Чӣ хел як тарафи масъала.
– Чӣ хел, чӣ хел? Албатта, ўро падару модар будагист ва оё онҳо розӣ мешуда бошанд?
– Ўро амакаш калон кардагӣ ва ман боварӣ дорам, ки розӣ мешаванд.
– Майлаш акнун рав ва бо ў то ба манзилаш расидан маслиҳат намо, нашаваду…
– Узр акои Ҳотам, вале агар хоҳед ман аввал шуморо бурда мерасонидам.
– Боке нест, муҳимаш он, ки арўсшавандаат аз ту розӣ бошад, ман бошам ба ягон ҷо гурехта намеравам.
– Дар амони Худо бошед акаи Ҳотам, – гўён Насим ба тарафи арўсшавандааш, ки дар зери дарахте интизори бозгашташ буд, ҳаракат кард.

пешина
аз 558
навбатӣ