Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Намедонам.
– Ба фикрам аз мавзўи асосӣ дур шуда истодаем, – гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Ҳаргиз ин хел нест, мо аслан дар гирди мавзўе, ки боиси ташвишу изтиробамон гаштааст давр зада истодаем. Дар воқеъ, банда бар он ақидаам, ки Розиқ Амон маблағи он қасри коширо ба ҳамон нафаре додааст, ки Сарвиноз хабарро ба вай фурўхта буд.
– Рафту Сарвиноз дар ин бора ба касе забон накушода бошад – чӣ?
– Ҳамсари Розиқ Амон дар ҳамон ақида аст, ки Сарвиноз хабари аз ў гирифтаашро ба ҷойи «зарурӣ» дар муҳлаташ расонидааст ва фурўхтани он қасри кошӣ дар маҳаллаи Зарафшон ба ҳодисаи таҷовуз ба номуси духтараки понздаҳсола рост меояд. Шахсан ман ба суханони Гулбарг Амон шаку шубҳае надорам.
– Ин хуб аст, ин хело хуб аст, ки ба ҳамсари марҳум бовар кардаед ва модоме чунин аст, пас чаро пешхизмат Сарвиноз ва он духтараки ҷабрдидаро даъват карда напурсидед? – суол дод Ҳамид Ҷовид.
– Ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо бе ёрии шумо макони зисти он ду нафаре, ки дар боло ёдашон рафт, муайян карда натавонистем.
– Чӣ Гулбарг Амон суроғаи онҳоро намедонад?
– Ў аслан суроғаи ҷабрдидаро намедонад. Аз рўйи маълумоти ба мо додааш духтарак Ёсуман ном дошта, дар маҳаллаи
82 – юми пойтахт иқомат доштааст. Сарвиноз бошад, дар қаҳвахонаи «Олами роз» ба сифати пешхизмат адои вазифа мекардааст ва баъди ҳамон ҳодиса ў аз кор рафтааст.
– Шояд ўро низ аллакай чун шоҳиди номақбул аз байн бардошта бошанд?
– Сараввал ман ҳам чунин андеша намудам, вале ба «Олами роз» рафтаму ақидаам дигар шуд.
– Чӣ хел? – пурсид Сорбони Ҳомид.
– Дирўз ў ба қаҳвахона занг задааст ва бо Раъно ном духтараке суҳбат намудааст. Ҳарчанд ман бо Раъно вохўрда натаовнистам, вале яке аз пешхизматҳо гуфт, ки Сарвиноз ба наздикӣ тўй мешудааст.
– Ёсуман чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё