Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Макун бо кўдаку бо ганда бозӣ, ки худро оқибат шарманда созӣ.
– Чӣ ў кўдак аст?
– Духтараки мактабхон аст. Модоме, ки мактабхон аст кўдак аст ва ҳаргиз андешаи сухани хеш нахоҳад кард.
– Пас чӣ бояд кард?
Ҳотам Илёс ангушташро чун теғ аз зери гулўи хеш гузаронд.
– Бе ин намешавад?
– Намешавад. Агар мешуд, ман худатро ба ин ҷо ҷеғ намезадам.
– Намедонам, чӣ гўям.
– Ман маҷбур намекунам, чунки он рўзноманигор танҳо худатро мешиносад ва агар ў ба даст афтад аз ду сар туро мефурўшад. Дили ман бошад аз худат пур, ки маро намефурўшӣ, вале тариқи он пулҳои ба Москва фиристода то ман ҳам мебароянд. Акнун фаҳмидӣ, ки моро роҳи дигар нест.
– Наход ягон роҳаш набошад?
– Ман сари ин масъала бисёр андеша намудам, вале ба хулосае омада натавонистам, дурусттараш аз ҳамин роҳ беҳтарашро наёфтам. Рафту агар худат роҳи дурусттарашро ёбӣ, ман қабул мекунам, гап зан ман худатро гўш мекунам.
– Модоме, ки шумо роҳи дигареро наёфтед, ман аз куҷо ёбам?
– Гапат дуруст. Аслан ман намехоҳам, ки пеш аз тўят моҷаро хезад.
– Ман як чизро нафаҳмидам.
– Чиро?
– Он духтарак аз куҷо медонад, ки маҳз ҳамон ҳамсояи холааш дар куштор даст дорад?
– Ман гуфтам– ку дар чунин ҳолатҳо натиҷаи ташхиси тиббӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Аз рўйи хулосаи тиббии ҳарду ҷасад онҳо соати 18.57 – 18.59 – и шоми 8 ба 9 декабр бо зиндагӣ падруд гуфтаанд. Рафту агар шоҳиди мо мегуфтагӣ фардо субҳ ба милиса ё аниқтараш ба прокуратура дар ин бора нишондод диҳад, ки ҳамсояи холаашро дар ҳамин давра дидааст, ки вориди бино шудааст ва боз баъди се – чор дақиқа аз бино бадар рафтааст, тафтишот маҷбур аст, ки рўзноманигорро ёфта, ўро мавриди истинтоқ қарор диҳад. Ба замми ин тафтишот баҳри собит намудани гуноҳи рўзноманигор бояд ўро ба таври расмӣ бо ҳамин духтараки ман мегуфтагӣ рў ба рў намояд.

пешина
аз 558
навбатӣ