Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соате сари ин масъала андеша намуда ба хулосае омадам, ки рафту агар раис аз он манзил берун ояд, субҳи фардояш Анори Зокир «корнамоиҳои» бандаро ба гӯши Салим Ворис бо обу ранги тоза хоҳад расонид. Дар ҳамон лаҳзаҳо фикре ба сарам омаду ман ба ҷӯраи тағоям Ҳусайн Абдул занг зада хоҳиши бо вай вохӯрдан намудам. Мо дар қаҳвахонаи «Ҷоми Ҷам» вохӯрдем ва ман дурӯғ гуфтам, ки шабҳо дар танҳоӣ метарсам ва агар малоли хотираш наояд боз ҳамон тапончаашро ба муҳлати як ҳафтаи дигар ба ман диҳад.
Чун ман он тапончаро се - чор бори дигар гирифтаву бе ягон хиёнат ба соҳибаш баргардонида будам, вай ин дафъа ҳам сухани ман нашикаст. Дар вақти таъиншуда ман бо тапонча, ки дар сумкам буд, ба манзили ҳамсояи модари угай рафтам.
Дарро ба рӯям худи Файзиддин кушод ва гуфт, ки агар нақши худро дар назди собиқ маҳбубаи вай дуруст иҷро намоям, ӯ аз баҳри он маводи ба амонатдодааш хоҳад гузашт.
Ман метавонистам дар ҳамон ҷо тирро ба пешонааш ҷо ба ҷо намоям, вале чун фаҳмидам, ки вай то ҳанӯз Анорро ба вохӯрӣ даъват накардааст, истиҳола намудам. Ӯ калидҳои хонаи ҳамсоя бигирифту мо лаҳзае пас вориди хонаи модари угай шудем. Ман расми дар паҳлӯи ҳавопаймо гирифтаи модари угайро дида, ғазабам дучанд шуд ва ҳайрон будам, ки чӣ тавр падари ман ба чунин як зани қадпаст дил додааст ва боз шарм накарда ӯро ба авиатсияи гражданӣ гирифтааст. Ман баҳс намекунам, ки ӯ ба модарам чун себи дукафон буд, вале модари ман зани қоматбаланде буд ва агар ӯ зинда мебуд шумо Анорро дар паҳлӯяш медидед, тафовути аспу маркабро ба ёд меовардед.
Чун мо ба хонаи Анори Зокир гузаштем Файзиддин ба ҷойи кори вай занг зад ва омаданашро талаб кард. Дар ҳоле, ки ба суолҳои модари угайи ман посух мегуфт, ки мо дар меҳмонием Салим Ворис ба ман занг зад, вале рақами телефони вайро дида ман бо ӯ дар тамос шудан нахостам. Садои телефон, ки ак
– аки сагро дошт ба Файзиддин ин дафъа хуш омад ва гуфт, ки маҳз ҳамин садо сабаб шуду гуфтам дар меҳмониам.
Ӯ ба ҳаммом даромада шакли худро ба тартиб оварда омада ба курсӣ нишаст ва боз телефонашро ба даст гирифта ба куҷое занг задан хост ва банда таппончаи омодаи тирпарони намудааамро, ки дар сумкаам буду сумка дар либосовезаки айвон ҳамоил гузошта шуда гирифта, номи вайро ба забон овардам ва чун ӯ сарашро каме бардошт ман қулангро зер намудам.
Баъд сумкаамро гирифта, тапончаро боз ба дохилаш гузоштам ва бо рӯймолчаам ҳамаи изҳои мондаамро тоза карда, аз дар баромадам. Баъди ба самти дигари кӯча гузоштан ба дӯсти дигари вай Бобур Фаррух, ки дар борааш аз забони Салим бисёр суханҳои “нек” шунида будам ва медонистам, ки ӯ боре адаби Файзиддинро дода буд занг зада, бо овози худи модари угай ӯро ба вохӯрии таъҷилӣ хондам.
Чун Салим аз марги раис огоҳ шуд, ба назди ман давида омада гуфт:
– Сулҳия шодиёна деҳ.
– Худаш чӣ гап?– ҳайрон шуда пурсидам ман.
Гуфт, ки дар хонаи модари угайят ҷасади беҷони раисро ёфтанд.
– Аз шунидани ин сухан банда қавоқҳоямро андохта, гуфтам чӣ ҷойи шодӣ магар ӯ маргро танҳо бурдааст.
Салим аз суханони гуфтааш пушаймон шуд, ки гуфт: ҳақ ба ҷониби худат Бону ва боз ду мисра шеъре ҳам гуфт. Баъд он ду мисраро бо хоҳиши ман боз такрор кард, ки матлабаш чунин аст.
Эй душмани ман ба мурданам шод мабош, Не дӯст ба ту вафо кунад, не ёр ба ман...

Баъди ду рӯз Салим хабар овард, ки он моли ба амонат гузоштаи раисро ёфт, ҳарчанд ман ба инаш чандон боварӣ ҳам надоштам. Эшонова ба чанд суоли мо боз ҷавобҳои саҳеҳ гуфта, ба протоколи пурсишаш шинос шуда, онро бо имзои худ тасдиқ намуд.
Вақте ки ману муфаттиш аз бинои прокуратура баромедем, моҳи мунир ба тамошои замин баромада буд...

пешина
аз 515