Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳусайн Абдулро соати 2025 дақиқаи рӯзи ҷумъаи 8 – март аз кӯчаи Беҳзод дастгир намуда, ба милиса оварданд. Ӯ дар ҳамон ҳолат бо дастагуле ба куҷое шитоб дошт, вале ҳама зорию илтиҷо ва сипас дуғу пуписаи вайро, ки то моро аз вазифа сабукдуш нанамояд номаш Ҳусайн Абдул не, сарфи назар намудем. Бо ин амали худ дар рӯзи иди бонувон мо рӯҳи ӯ бишкастаем ва боз… Бо ҳама пурсишу истинтоқи худ рӯзи бе ин ҳам бади ӯро сиёҳтар намудем. Чун ӯ фаҳмид, ки тапончаи «Марголин» пештар ҳам нақши худро дар бойгони монда бу-дааст, сарашро бо ҳарду дасташ дошта ба андеша фурӯ рафт...
Бо фарорасии субҳ ӯ дар бораи роҳи паймудаи тапончаи мазкур лаб кушод ва ҳар он чӣ ки ӯ гуфт ба ақли одамӣ рост намеомад, вале... Моро лозим буд, ки худи ҳамин суханонро аз забони ҳамон духтараки ҳиҷобпӯш шунавем. Чун дар ҳаракатҳои Ҳусайн Абдул барои нигоҳдорӣ ва ба дигар шахс додани яроқи оташфишон аломати ҷиноят дида мешуд, мо ӯро боздошт намудем.
... 47 ...
Ҳангоми хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР мо наваскарон ҳар бегоҳ ҳангоми ба навбатдорӣ рафтан аз забони командири қисми ҳарбӣ Владимир Александрович Миронов ҳамеша як суханро мешунидем: «Ложку, оружие и жену нельзя доверят другому». Суханони Владимир Александрович, албат-та, ҷон дошт ва мо наваскаронро водор месохт, ки нисбат ба яроқи ба мо вобастакардашуда бе тафовут набошем. Мо ки он солҳо аз баду неки ҷаҳон ҳанӯз огоҳ набудем, ҳамин сухани оддиро фаҳмидем, вале оне ки худро дар шашяки соҳилҳои ҷанубии сарҳадии кишвар хуҷаини мутлақ арзёбӣ намуда буду борҳо аз об хушк баромада яроқи бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашро ба ҷияни дӯсташ Амон Ҳотам бовар кард. То чӣ андоза суханони вай дуруст буданд, мо ҳанӯз намедонстем, вале натиҷаи ин боварӣ аллакай маълум буд.
Ҳусайн Абдул моро бовар кунонид, ки се моҳ пештар яроқро аз Ҳумоюн валади Абдулвалӣ ном шахс, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст харидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор