Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун сарҳадбонон онҳоро дунболгир шуданд, ҳангоми бозгашт ҳамхизмати худ Зуҳуровро, ки бар хилофи низомномаи қисми ҳарбӣ дар танҳоӣ минтақаи хизматиашро аз назар мегузаронд, оғӯштаи хун ёфтанд. Шахсе, ки Зуҳуровро ярадор сохта буд, аз рӯйи назарияи тафтишот эҳтимол барои вохӯрӣ бо сарҳадшиканон омада буд ва чун Зуҳуров ба самти вай ҳаракат намуд, ӯ аз паси харсанги калоне аскари ба сӯяш омадаро аз рӯйи садои ҳаракаташ ҳадафи ду ва ё зиёда тири худ қарор дод...
Аз ҷойи ҳодиса се патрон ёфт шуд.
Чун Зуҳуров ба зонуи чап ва китфи росташ тир хурд, ҳатто кушиши тири огоҳкунандаро сар додан накардааст. Садои тири аз тапончаи сарҳадшикан буруномада бо садои руди пуртуғёни Панҷ, ки дар моҳи май ниҳоят пурталотум аст омехта шуда... Баъди ним соати ин ҳодиса ҳангоми иваз намудани аскар дар дидбонгоҳ Зуҳуровро дар ҳолати нимбеҳушӣ дарёфтанд. Саги буйгири ба ҷойи ҳодиса овардашуда аз рӯйи буй сарҳадшиканро то роҳи калон дар масофаи қариб як километр дунболгир шудааст ва сипас бўйро гум намудааст.
Мактуби муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистонро дида ёвари сарпрокурори ҳарбӣ бо боварии қатъӣ гуфт, ки ин дафъа онеро, ки аз тапончаи пештар садо дода истифода бурдааст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ роҳи гурез нест.
Бо супориши вай рӯйхати чанд нафарро, ки дар як соли охир бо сабабҳои гуногун ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ чун ҳамиштирокчӣ дар интиқоли маводи мухаддир бояд ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд, вале фактҳо нисбат ба онҳо тасдиқ нагардиданд, бо имзою муҳр ба дасти ман дод, ки дар аввали рӯйхат номи Ҳусайн Абдул омада буд.
Фурӯғи Шариф ба рӯйхати аз сарпрокуратураи ҳарбӣ овардаи банда шинос шуда, нисбат ба шахси дар сархати нома буда, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки ӯ тайи ду шабонарӯзи охир ду маротиба бо ҳамин ном рӯ ба рӯ омад. Бори аввал ӯ дирӯз ин номро аз забони гумонбаршуда Бобур Фаррух шунид. Имрӯз бошад ҳамин ном дар рӯйхати аз сарпрокуратураи ҳарбӣ ирсолшуда омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор