Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – садо омад дар гӯшам ва банда ба сӯйи овоз баргашта, дар рӯ ба рӯям таги пероҳани гулобӣ Наталя Василевнаро дидам...

... 44 ...

Натиҷаи вохӯрии Наврӯз Умар бо Анори Зокир субҳи рӯзи сешанбеи 5 март моро ба вокзали роҳи оҳан бурд. Қатора бояд соати 0830 дақиқаи субҳ ба роҳ мебаромад. Соати панҷи субҳ мо аллакай мавқеи худро дар бинои вокзал ва гирду атрофи он гирифта будем. Ба амалиёти дастгиркунии Тӯфон шомил намудани банда хатари зиёдеро ба бор меовард, вале ба хотири оне ки ба ҷуз ман касе аз наздик бо Бобур Фаррух шинос нест Воҳид Камол ин дафъа ин камбудиро нодида гирифт. Мо ҳама ба воситаҳои мухобира таъмин будем. Ба ҷуз ман ва Наврӯз Умар дигар ҳамаи он кормандоне, ки ба гурӯҳ шомил буданд либоси низомӣ доштанд.
Вақте ки мо ба вокзал омадем гумон намудем, ки замин кафидаву одам баромадааст. То бинои вокзал ҳам рафтан кори осон набуд. Рафту ногоҳ Тӯфон бандаро медид, намедонам чӣ мешуд? Ба ҳар ҳол таваккал намуда, ман аз ҳама охир автомашинаро тарк карда, ба тарафи дари даромадгоҳи бино ҳаракат намудам. Чун шиноси деринаамро надидам, ба ошёнаи дуюм баромада, бо калид дари дафтари кории ҳуқуқшиноси муассиса Маҳмуди Қурбонро кушодам. Дар ин бора дирӯз роҳбарияти ШКД бо мутассадиёни соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ба мувофиқа омада буданд.
Фронти нигоҳи банда ба самти перрон нигаронида шуда буд ва аз паси пардаи тиреза дар байни садҳо мусофирон ва ҳазорон нафари ба гуселашон омада ман бояд Тӯфонро дида, тариқи мухобира ҳамкорони дар поён интизорамро огоҳ месохтам.
Аз рӯйи чипта мусофире, ки таваҷҷуҳамонро бедор карда буд, бояд озими вагони рақами ҳаштум мешуд.
Мавқеи дар ошёнаи дуюм ишғол намудаи банда низ аз ҳисоби ҷойгиршавии ҳамин вагон интихоб карда шуда буд. Ба таври дигар гӯем вагони рақами ҳашт пурра дар зери назорати ман қарор дошт.

пешина
аз 515
навбатӣ