Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Посе аз шаб гузашту маҳфил анҷом ёфт.
Банда пеш аз ба хона рафтан боз пеши устод Амириён рафтам ва ба ӯ саломатии бардавом орзу намудам. Сипас, дар бораи пешниҳоди Тортанак вайро огоҳ намуда, фаҳмидан хостам, ки ӯ дар кадом корҳо моро даст гирифта метавонад.
Ҳар он чӣ аз Амириён шунидам ба ақл рост намеомад, вале ман наметавонистам ба суханони вай бовар накунам.
Тамоми роҳ то ба хона расидан ман симои мусоҳиби имшабаамро аз мадди назар дур карда натавонистам. Ба ақидаи Амириён ӯ зиёда аз даҳ сол корманди раёсати якуми КГБ СССР будаст ва дар чанд соли дигар дар мақомоти корҳои хориҷӣ кору фаъолият намудааст.
Ба андешаи Амириён Тортанак чӣ дар байни сарварони олами ҷиноӣ ва чӣ дар байни онҳое, ки бо ин олам ҳамарӯза даст ба гиребонанд, мақому манзалати хосае доштааст. Қарор додам, ки худи фардо ба суроғи ӯ хоҳам рафт ва бо ҳамин васила ба муаммои сарбастае, ки дар даҳ рӯзи охир моро гулугир аст, аз вай ҷавоб хоҳам ҷӯст. Аз чӣ бошад, ки дилам аз анҷоми неки кор гувоҳӣ медод.
Вакте ки ба хона омадам Наталя Василевнаро сари болини Абдумаҷид дидам. Чун даст ба зонуи вай бурдам аз зону поён пояш чӯби карахтшударо мемонд. Ин ҳама аломати нав хуруҷ кардани дард буд. Боз чанд рӯз лозим буд, ки хун ҳаракати муътадили худро дар рагҳои Абдумаҷид ба раҳ монад. То он рӯз фарсахҳо роҳ буд ва агар Абдумаҷид бо овози баланд дарди худро ифода мекард, ману модараш чун чӯби тар дарун ба дарун месӯхтем.
Не, аз дасти мо он тараф истад аз дасти духтурон ҳам баҳри паст кардани шиддати дард коре намеомад. Илм то кунун дар ин ҷода оҷиз аст ва мо танҳо ба Оллоҳ таъоло умед мебастем, ки раҳм ба ҷони ҷигарбандамон намояд. Аз шиддати дард Абдумаҷид ҳамон писарбачаи чорунимсола дарун ба дарун месӯхт. Тамоми шаб мо се тан қариб, ки мижа таҳ накардем. Ҳатто Далер ҳам аз хонаи шафт хобашро нороҳат сохта, ду – се маротиба ба сари болини додараш омад...

пешина
аз 515
навбатӣ