Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акнун ба ёдам омад, ки шумо ронандаро Тортанак ном бурда будед.
– Бале, полковники муҳтарам, ҳамон вақт бандаро Тортанак номида буд гуфт Қурбон.
– Акнун шуморо танҳо мемонам,– гӯён соҳибҷашн аз назди мо дур шуд.
Барои шиносоӣ мо қадаҳоро ба ҳам зада ба лаб бурдем ва лаҳзае мавҷи хайлоти ман ба дуриҳои дур ба он солҳое, ки ҳанӯз маводи мухаддир чунин маълуму машҳур нагашта буду ҳанӯз мардум вожаи героинро намедонистанд парвоз кард.
Дар он рӯзи якшанбе ҳангоми гузаронидани амалиёти «Пиёдагард» автомашинае, ки дар зери тасарруфи Қурбони Амиршоҳ буд, дар чароғаки сурх чорроҳаро убур мекунад бехабар аз он ки дусад – дусаду панҷоҳ метр дуртар кормандони БДА рейд гузаронида истодаанд. Чун ронандаро париваше дар паҳлӯяш буд, ба болои гуноҳи аввалинаш, ки дар чароғаки сурх чорроҳаро убур намудаву қариб, ки сабабгори сар задани садамаи автомобилӣ гардида буд, боз ба амри нозири роҳ итоат накарда, аз ҷой ҳодиса гурехтан хост мавриди таъқиб қарор гирифта... Маҳз ҳамин нописандии ронанда сабаб шуду тариқи мухобира ба дидбонгоҳи дар шафти институти хоҷагии қишлоқ буда, аз болои ронандаи қайсар шикоят намуданд. Гурӯҳи дар дидбонгоҳи дуюм буда, роҳро тариқи воситаҳои нақлиёт муддате бастанд ва автомашинаи «ГАЗ – 24» дар гирдоб монд. Чун тергав сар шуд, духтарак нияти ба дигар автомашина нишастан кард, вале худи ронанда ҳушёриро аз даст надода, ӯро чун шоҳид боздошт ва маҳз ҳамин амали ӯ боиси аз гирдоб баромаданаш гашт, вагарна он миқдори маводи мухаддир басанда буд, ки Қурбони Амиршоҳ зиндонӣ шавад.
Дар лаҳзаи аввали ба милиса овардани ронандаи қайсар ва духтараке, ки чун мусофир бо халтае дар автомашина нишаста буд, баҳси калоне сари он бор сар шуд. Духтарак ду пойро дар як мӯза андохта собит кардан мехост, ки бор аз ӯ нест, ронанда ҳам ҳамаи гуноҳи дар роҳ содирнамудаашро ба зимма гирифт, вале якзайл такрор мекард, ки духтарак ҳангоми ба автомашинаи ӯ нишастан дар даст халтаи селофанӣ дошт.

пешина
аз 515
навбатӣ