Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳар қадар ман кушидам ба ёд биёрам, ки дар ин рӯзи сешанбе кадоме аз дӯстони моро ҷашнест, вале бе натиҷа, сипас фикре ба сарам омаду худам ба хона занг задам.
– Хуш, кай меойӣ?– пурсид ҳамсарам.
– Омада наметавонам.
– Чӣ хел?
– Дурустараш бандаро омада намемонанд.
– Кӣ?
– Воҳид Камол ӯро он қадар фикру андеша дар сар аст, ки баҳри як ҳафта кори шабоанрӯзии мо басанда.
– Магар ҳамин ду шабонарӯзи дигар кам буд наомаданат, ки дар чунин як рӯзе, ки устоди аввалинат зодрӯз дорад намеоӣ.
– Кӣ зодрӯз дорад?
– Полковники мустаъфӣ Амириён.
– Бовар намекунам.
– Ихтиёрат,– гӯён Наталя Василевна аввалин шуда, ба суҳбати телефонӣ нуқта гузошт.
Ман муддате боз сари мизи корӣ сари гуфтаҳои ҳамсар андеша намудам ва ба хулосае омадам, ки ба зодрӯзи мӯйсафед нарафтан гуноҳест азим ва аз ҷой бархестам...
Баъди ним соат ман, аллакай, дар хона будам ва боварӣ ҳосил намудам, ки дар суханони ҳамсарам заррае муболиға набудааст. Дар он коғази сафеде, ки нақши қосидро мебозид омада буд, ки 26.02 соати 1900 дар тарабхонаи «Душанбе» 70- солагии Амириён ҷашн гирифта мешавад.
То оғози маърака ҳамагӣ як соат вақт монда буд. Ба нею нестони ман нигоҳ накарда Наталя Василевна бо ҳамроҳи ман рафтан нахост, шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки пойи Абдумаҷид дард мекард. Ҳамсарам доғи сиёҳеро дар зонуи Абдумаҷид, ки акнун чорунимсола шуда буд, чун далели шайъӣ бароям нишон дод.
Ба ростӣ таъби ман ҳам аз дидани он доғи сиёҳ аз доғе, ки дар тиб онро гемофилия ном мебаранду шомили касалиҳои ирсияш намудаанд, боз ҳам сиёҳтар гашт. Он чӣ дардест ман медонаму модари Абдумаҷид, Абдумаҷид медонаду Худо... Хостам ба зодрӯзи устод ҳам наравам, вале боз Наталя Василевна қариб панҷ дақиқа дар бораи одаму одамгарӣ ба гӯшам ваъз хонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор