Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ӯ алакай аз нисф зиёди баҳрро гузаштааст ва дигар ӯро на қобилияти ба соҳили муқобил расидан ҳасту на қобилияти пас гаштан.
– Гуфтед, ки дар маълумотнома асосҳои кофӣ баҳри гунаҳкор намудани вай нест.
– Инкор намекунам ва ба хаёлам боз гуфтам, ки доираи фаъолияти кунунии Салим бар хилофи вазифаҳои хизматии ӯст, ё нагуфтам?
– Инашро ҳам гуфтед.
– Ба ҷуз мақомоте, ки назоратро аз қафои Салим ба душ дорад, боз сарчашмаҳои дигаре низ ҳастанд, ки фаъолияти кунунии лейтенанти милиса Салим Ворисро мавриди таҳлил ва омӯзиши худ қарор додаанд.
– Ҳамаи инро, албатта, ягон сабаб будагист?
– Нафси бад балои ҷон гуфтаанд.
– Муносибати Салим бо он духтараки ҳиҷобпӯш дар кадом поя қарор дорад?
– То ҷойе ки банда огоҳӣ дорам, Салим бо Сулҳия нияти издивоҷ дорад?
– Аз рӯйи муҳаббат?
– Намедонам, вале ӯро аз ҳамин самт ҳам роҳи бозгашт нест.
– Чаро?
– Чунки Амон Ҳотам ё чӣ хеле, ки гуфтам Корвон писархо-лаи Сулҳия Муродовна аст.
– Шояд озмоишгоҳи дар кӯчаи Академикҳо буда, бо ҳама санъати меъморию техникии худ дар асоси саҳмияҳои тарафайн сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст?
– Дар ин бора далели муътаманде ба ҷуз ҳамон маълумоти овардаи шумо моро дар даст нест.
– Ҳамон рӯз дар назди Воҳид Камол гуфтед, ки хонаи дар гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо воқеъ гардида, дар зери назорати шабонарӯзии кормандони милиса қарор дорад.
– Бале, гуфтам.
– Дар ин ду шабонарӯз аз он манзил ягон хабаре нест?
– Нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор