Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба фикрам моро лозим аст, ки сари як масъала дурустар андеша намоем.
– Сари кадом масъала?
– Ин бори сеюм аст, ки кадом як зане моро аз рафти ҳодисаҳо огоҳ намуда истодааст. Ӯ кию чӣ кора аст, мо намедонем, вале бояд эътироф намоем, ки аз худи мо як қадам пештар аст.
Модоме ки дар куҷо иҷоранишин будани раисро медонистааст, мо маҷбур мешавем дар атрофи ҳамин зани «хайрхоҳ» давр занем.
– Андешаҳоятонро равшантар байён намоед?
– Тассавур намоед, кӣ бори аввал моро ба тарабхонаи «Кайҳон» ҳидоят намуд?
– Ба фикрам Фурӯғи Шариф.
– Дар асл бошад кадом як зане ба муфаттиши прокуратура занг зада чунин пешниҳод намудааст.
– Боз чӣ?
– Сипас боз нафаре аз ҷинси латиф ба муфаттиш занг зада, аз вохӯрии банда бо объект дар тарабхонаи «Кайҳон» ӯро огоҳ намудааст ва маҳз ҳамин занги телефонӣ дар лаҳзаҳои аввал боиси ҳамдигарнофаҳмии ман ва муфаттиш гашт.
Сеюм боз кадом як зани ношиносе ба пиразан Рогозина Даря Сергеевна занг зада, ӯро аз фалокати ба сари иҷоранишинаш омада хабар додааст. Модоме ки ӯ дар куҷо иқомат намудани раисро медонистааст, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки бо раис шинос будааст.
– Ба ростӣ секунҷаи Бермуд барин шуд.
– Секунҷаи Бермуд шуд ё не чизе гуфта наметавонам, вале бе муайян кардани шахсияти он бонуи хайрхоҳ мо қадаме ба пеш гузошта наметавонем.
– Чӣ магар сари ҳамин масъала мо лаҳзае фориғ будем?
– Намедонам, вале баҳри осуда шудан ҳам моро асос нест.
– Баҳс намекунам.
– Пас чӣ бояд кард?
– Шояд кунҷи нигоҳи худро ба ҳодисаҳои рухдода каме ҳам бошад тағйир диҳем?
– Аз нигоҳи шумо он кунҷро аз кадом арзҳо бояд ҷӯст?
– Аз самти муқобили арзҳои кунунӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор