Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қисме аз мардум вайро ҳамчун худи мо милиса ва ҳамкори Беназир гумон намудааст, ҳарчанд ӯ дар тан ҷома дошт. Баъди бозгашт ману Наврӯз Умар дар пеши бинои милиса фаромадем.
Дар асл банда фаромаданӣ ҳам набудам, вале Наврӯз Умар баъди дидани он ду расм ба хулосае омада будааст, ки ман онҳоро тариқи шабохун ба даст овардаам. Акнун ӯ донистан мехост, ки шабохун чӣ тавр ба ман даст дод.
Вақте ки мо вориди бино шудем, ӯ аз ёрдамчии навбатдор Ҳалимов хоҳиш намуд, ки ба дафтари кориаш як чойник чой биёрад, ин маънои онро дошт, ки сардори бахш ба осонӣ бандаро сар нахоҳад дод, бинобар ин гуфтам:
– Чой чӣ лозим?
– Агар шумо нӯшидан нахоҳед, ман худам менӯшам гуфт вай ва мо ҳарду паҳлӯи якдигар ба ошёнаи дуюм баромадем.
Хостам ба дафтари кории худ ворид шаваму дар танҳоӣ ба номи сардор гузорише нависам, вале вай ба ҷону ҳолам намонда, маро ба дафтари кориаш таклиф намуд. Болои мизи дар як гӯшаи дафтари кориаш буда мағзу мавиз гузошта, худ дар рӯ ба рӯям нишаста гуфт:
– Хуш, расмҳоро чӣ тавр ба даст овардед?
Ман аз натиҷаи сафари ғайрирасмии худ ба гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо ба таври муфассал ӯро шинос намудам. Чун ба дар ангушт заданд, мо аз муҳокимаи минбаъда лаҳзае ҳам бошад худдорӣ намудем.
Сержант Ҳалимов чой овард. Ҳарчанд мо ӯро ба сари дастархонамон даъват намудем, вале корро баҳона карда, такли-фи моро напазируфт. Баъди рафтани вай мо сари ҳамин як пиё-ла чой хело суҳбат намудем ва аз рӯйи мақоли ҷомаи бомас-лиҳат кутоҳ намеояд амал намуда, банда Наврӯз Умарро аз вохӯрии Салим Ворис ва ҳамон духтараке, ки акнун таваҷҷӯҳи роҳбариятро бедор карда буд, огоҳ намудам.
– Гумон мекунам, ки бе санҷиши махсус мо нисбат ба ҳамкори худ хулосае бароварда наметавонем.
– Рафту вай гуноҳе надошта бошад чӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ