Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зуд аз дафтари кориам берун шуда, дарро маҳкам намуда, боз аз зинаҳо ба поён омадам. Ба дари дафтари кории Воҳид Камол ангушт зада, баробари шунидани овозаш дарро кушодам. Ба ҷуз Воҳид Камол дар он ҷо муовинонаш ва сардорони бахшҳои тафтишот ва кофтукови ҷиноятӣ низ сари суҳбат қарор доштанд.
– Акбар Ҳакимович марҳамат гузаред, – баробари дидани ман гуфт Воҳид Камол.
Ман чанд қадами дигар пештар рафта, паҳлуи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар нишастам.
Намедонам то он лаҳзаҳо ҳайати мушовара байни худ сари кадом масъала суҳбат доштанд, вале аз лаҳзае, ки ман ба курсӣ нишастам риштаи сухан боз дар атрофи Беназир печид.
На танҳо сарвари ШКД, ҳатто муовинонаш ҳам дар ҳамин бора изҳори нигаронӣ намуданд. Ҳар кас собит кардан мехост, ки як нафас бе ёди Беназир нестанд. Ба таври дигар гӯем ҳама ба ҷуз Наврӯз Умар ба сари банда қариб, ки чормағз шикастанд.
Рост гуфтаанд, ки «калтакро кӣ хӯрад – ятим». Ин ҳамааш подош ба давутозҳои дишабаи ман буд. Муовини сардори ШКД оид ба хизмат подполковники милиса Назаров қариб, ки чун дӯсти собиқаш Масрури Мӯсо (ё худ Оташак) суханронӣ кард.
Ба ростӣ ман акнун фаҳмидам, ки садои кўзаи холӣ баландар будааст. Ба ҳамин лаҳзаи номуносиб нигоҳ накарда (чунки мо бояд ба Чанор мерафтем) муовини сардор Назаров аз ман шарҳи пеш нарафтани корро талаб кард.
– Ба хар чӣ гӯйӣ ки хар – хар аст мегуфт бобоям ва ман сухане ба забон наоварда, ҳамон ду расми дар ҷайбам бударо бароварда ба дасти подполковник Назаров додам.
– Ин чӣ? – ба расмҳо чашм духта пурсид вай.
– Ҳамааш дар ҳамон ҷо гуфтагӣ ба таври киноя гуфтам ман.
– Ин расмҳоро аз куҷо ёфтед? Ё шояд касе тариқи компютер расми Беназирро бо ин духтараки тапонча ба даст ҳамроҳ намудааст,– боз пурсид Назаров.
– Намедонам гуфтам ман.
Сипас, ӯ расмҳоро ба дасти Воҳид Камол дод ва номбурда боз айнакашро ба чашм гузошта, ба онҳо зеҳн монд. Ниҳоят сарвари ШКД расмҳоро ба дасти муовини дигараш Сатторов дод ва оқибат расмҳо тоб хӯрда то дасти Наврӯз Умар ҳам омаданд.

пешина
аз 515
навбатӣ