Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ту гандум кор, то ҳасте бар орад,
Гиё худ дар миён дасте барорад.
Ба ҳар коре-дар аз давлат бувад нур,
Ки бод аз кори мо бедавлатӣ дур!
Басе бархонд аз ин афсона бо дил,
Чу ишқ омад, куҷо сабру куҷо дил?
Сабурӣ кард бо ғамҳои дурӣ,
Ҳам охир шодмон шуд з-он сабурӣ.
НОЛИДАНИ ШИРИН ДАР ҶУДОИИ ХУСРАВ
Чунин дар дафтар овард он сухансанҷ,
Ки бурд аз устодӣ дар сухан ранҷ,
Ки чун Ширин зи Хусрав бозпас монд,
Дилаш дар банду ҷонаш дар ҳавас монд.
Зи бодоми тар оби гул барангехт,
Гулобе бар гули бодом мерехт,
Ба сони гӯсфанди кушта барҷой
Фурӯ афтода, мезад даст бар пой.
Тан аз бетоқатӣ пардохта зӯр,
Дил аз тангӣ шуда чун дидаи мӯр.
Ҳаво бар бод дода хирманашро,
Гирифта хуни дида доманашро.
Чу зулфи хеш беором гашта,
Чу мурғе пойбанди дом гашта.
Шуда з-андешаи ҳиҷрони ёраш
Зи баҳри дида пургавҳар канораш.
Гаҳе аз пой меафтод чун маст,
Гаҳ аз бедод мезад даст бар даст.
1
Дилаш ҳарроқаи оташзане дошт,
Бад-он оташ сари дудафкане дошт.
Магар дудаш равад з-он сӯ, ки дил буд,
Ки афтад бар сари пӯшидаҳо дуд.
Кушода риштаи гавҳар зи дида,
Мижа чун ришта дар гавҳар кашида.
Зи хоб эмин, ҳавасҳои димоғаш,
Зи бехобӣ шуда чашму чароғаш.
Даҳан хушку лаб аз гуфтор баста,
Зи дида бар сари гавҳар нишаста.
Сиҳисарваш чу барги бед ларзон,
2
Шуда з-ӯ нофа косид, нифа арзон.
Замоне бар замин афтод ғамнок,
Зи мушкинҷаъд мушк афшонд бар хок.
Нафт, киштии нафтандоз.
Банди эзор; пораи матоъ; либосе пӯстин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё