Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Киро ҷӯям, киро хонам ба фарёд,
Баҳоре буду бирбудаш зи ман бод.
Хаёл аз ноҷавонмардӣ ҳама рӯз
Ба ишва мефизояд бар дилам сӯз.
Зи бехасмӣ гар афзун гашт ганҷам,
Зи беёрӣ дарафзуда-ст ранҷам.
Ман он мурғам, ки афтодам ба ноком
Зи пашмин хона дар абрешимин дом.
Чу ман сӯи гулистон рой дорам,
Чӣ суд, ар банди зар бар пой дорам?
На банд аз пой мешояд буридан,
На бо ин банд мешояд паридан.
Ғами як тан маро худ нотавон кард,
Ғами чандин кас охир чун тавон хӯрд.
Маро бояд, ки сад ғамхор бошад,
Чу ман сад ғам хӯрам, душвор бошад.
Зи хар баргираму бар худ ниҳам бор,
Харонро ханда меояд бад-ин кор.
Маҳу хуршедро бар фарши хокӣ
Зи ҷамъият расид ин тобнокӣ.
Парокандадилам, бенур аз онам,
Наям маҷмӯъ, дилранҷур аз онам.
Ситора, низ ҳам райҳони боғанд,
Пароканданд, аз он ноқис чароғанд.
Шарора з-он надорад партави шамъ,
Ки ин нури пароканда-сту он ҷамъ.
Нахоҳад дил, ки тоҷу тахт гирам,
Нахоҳам ман, ки бо дил сахт гирам.
Дили торикрӯзамро шаб омад,
Тани беморхезамро таб омад.
Намешуд муш дар сӯрохи каждум,
Ба ёрӣ ҷойрӯбе баст бар дум.
Сиёҳак буд зангӣ худ ба дидор,
Ба сурхӣ мезанад, чун гашт бемор.
Дигар раҳ бонг бар худ зад ба тундӣ,
Ки бо давлат нашояд кард кундӣ.
Чу давлат ҳаст, бахт ором гирад,
Зи давлат бо ту ҷонон ҷом гирад.
Сар аз давлат кашидан сарварӣ нест,
Ки бо давлат касеро доварӣ нест.
Кас аз бедавлатӣ коме наёбад,
Беҳ аз давлат фалак номе наёбад.
Ба давлат ёфтан шояд ҳама ком,
Чу дона ҳаст, мурғ ояд фаро дом.

пешина
аз 349
навбатӣ