Ҳафтахтар Ҷилди 3

Шикаст афтод бар хасми ҷаҳонсӯз,
Ба фаррухфол Хусрав гашт пирӯз.
Зи хун чандон равон шуд ҷӯй дар ҷӯй,
Ки хун мерафту сар мебурд чун гӯй.
Каманди румиён бар шакли занҷир
Чу мӯи зангиён гашта гиреҳгир.
Ба ҳиндитеғ ҳар касро, ки диданд,
Сараш чун турраи ҳинду буриданд.
Димоғ ошуфта шуд баҳромиёнро
1
Чунон, к-аз равшанӣ сарсомиёнро.
Зи чандоне халоиқ кас нараста,
Магар Баҳрому баҳре чанд хаста.
Зи шерӣ кардани Баҳрому зӯраш
Ҷаҳон афканд чун Баҳроми Гӯраш.
Ҳар он сурат, ки худро чашмзад ёфт,
Зи чашми нек дидан чашми бад ёфт.
Надидам кас, ки худро диду нашкаст,
Дуруст он монд, к-ӯ аз чашми худ раст.
Чу аз Хусрав инон печид Баҳром,
Ба коми душманон шуд кому ноком.
Ҷаҳон хирман басе донад чунин сӯхт,
2
Мушаъбидро набояд бозӣ омӯхт.
Кадомин сарвро дод ӯ баландӣ,
Ки бозаш хам надод аз дардмандӣ.
Кадомин сурхгулро, к-ӯ бипарвард,
Надодаш оқибат ранги гули зард.
Ҳама луқма шакар натвон фурӯ бурд,
Гаҳе софӣ тавон хӯрдан, гаҳе дурд.
Чу шодирову ғамро ҷой рӯбанд,
Ба ҷое сар, ба ҷое пой кӯбанд.
Ба ҷое сози мутриб баркашад соз,
Ба ҷое мӯягар бардорад овоз.
Ҳар овозе, ки ҳаст аз созу аз сӯз,
Дар ин гунбад, ки мебинӣ ба як рӯз.
Танӯре сахт гарм аст ин алафхор,
Ту хоҳе пургулаш кун, хоҳ пурхор.
Ҷаҳон бар аблақе тавсан савор аст.
Лагад хӯрдан аз ӯ ҳам дар шумор аст.
Фалак бар сабзхинге тундхез аст,
Зи роҳаш ақлро ҷои гурез аст.
Нашояд бар касе кард устуворӣ,
Ки нанмудаст бо кас созгорӣ.
Сарсомӣ – гирифтори бемории сарсом (ошуфтагиву парешонӣ).
Шуъбадабоз, ҳилагар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё