Ҳафтахтар Ҷилди 3

Саворон теғи барқафшон кашида,
Ҳузаброн сар ба сар дандон кашида.
Аҷал бар ҷон каминсозӣ намуда,
Қиёматро яке бозӣ намуда.
Синон бар синаҳо сар тез карда,
Ҷаҳонро рӯзи растохез карда.
Зи бас найза, ки бар сар беша баста,
Ҳазиматро раҳи андеша баста.
Дар он беша на гӯр аз шер мераст,
На шер аз хӯрдани шамшер мераст.
Чунон мешуд ба зери диръҳо тир,
Ки зери пардаи гул боди шабгир.
Уқобони хаданги хунсиришта
Бароти каргасон бар пар навишта.
Зиреҳбурҳои аз заҳр обдода
Зиреҳпӯшони кинро хоб дода,
Зи мавҷи хун, ки бар мешуд ба Айюқ,
Пур аз хун гашта тосакҳои манҷуқ.
Ба сӯги найзаҳои сарфитода
Сабо гесӯи парчамҳо кушода.
Ба марги сарварони сарбурида
Замин ҷайб, осмон доман дарида.
Ҳамоил дарфиканда ҳар касе зер,
Яке шамшеру дигар захми шамшер.
Фурӯ баста дар он ғавғои туркон
Зи бонги нойи туркӣ нои туркон.
Ҳарири сурхи байрақҳо кушода
Найистоне буд оташдарфитода.
На чандон теғ шуд бар хун шитобон,
Ки бошад регу санг андар биёбон.
На чандон тир шуд бар тарк резон,
Ки резад барг вақти баргрезон.
Ниҳода тахти шаҳ бар пушти пиле,
Кашида теғ гирдогирд миле.
Бузургуммед пеши пили сармаст
Ба соатсанҷӣ устурлоб дар даст,
Назар мекарду он фурсат ҳамеҷуст,
Ки бозори мухолиф кай шавад суст.
Чу вақт омад, маликро гуфт: биштоб,
Муборак толеъ аст ин лаҳза, дарёб!
Ба натъи кина-бар чун пай фишурдӣ,
Дарафкан пилу шаҳрух зан, ки бурдӣ!
Малик дар ҷунбиш омад бар сари пил,
Суи Баҳром шуд ҷӯшанда чун Нил,
Бар ӯ зад пилпои хештанро,
Ба пои пил бурд он пилтанро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё