Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Камар заррин бувад, чун бо ту бандам,
Даҳан ширин шавад, чун бо ту хандам.
Гар аз ман мебурӣ, чун муҳра аз мор,
Ман аз гул бозмемонам, ту аз хор.
Гар аз дарди сари ман мешавӣ фард,
Ман аз сар дур мемонам, ту аз дард.
Ҷигар хур, к-аз ту беҳ ёре надорам,
Зи ту хуштар ҷигархоре надорам.
Маро гар рӯи ту дилкаш набошад,
Дилам бошад, валекин хуш набошад.
Агар дида шавад бар ту бадалгир,
Бувад дар дида кас, лекин ба тасғир
В-агар ҷон гардад аз рӯят инонтоб,
Бувад ҷонро арӯсӣ, лек дар хоб.
Итобе гар бувад моро аз ин пас,
Миёнҷӣ дар миёна мӯи ту бас.
Чу лахте қиссаҳои хуш фурӯ гуфт,
Гирифта зулфи дилбар, хуш фурӯ хуфт.

ДАМИДАНИ РӮЗ

Фалак чун ҷоми ёқутин равон кард,
Зи ҷуръа хокро ёқутсон кард.
Малик бархост, ҷоми бода дар даст,
Ҳанӯз аз бодаи дӯшина сармаст.
Ҳамон савдо гирифта доманашро,
Ҳамон оташ расида хирманашро.
Ҳавои гарм буду оташи тез,
Намекард аз гиёҳи хушк парҳез.
Гирифт он норпистонро чунон сахт,
Ки деборо фурӯ банданд бар тахт.
Басе кӯшид Ширин, то ба сад зӯр
Қазои шер гашт аз паҳлуи гӯр.
Маликро гарм дид аз беқарорӣ,
Макун, - гуфто, - бад-ин сон гармкорӣ,
Чи бояд хештанро гарм кардан,
Маро дар рӯи худ бешарм кардан?
Чу ту гармӣ кунӣ, некӯ набошад,
Гуле, к-ӯ гарм шуд, хушбӯ набошад.
Чу бошад гуфтугӯи хоҷа бисёр,
Ба густохӣ падид ояд парастор.
Ба гуфтан бо парасторон чӣ кӯшӣ,
Сиёсат бояд ин ҷо ё хамӯшӣ.
Сутури подшоҳӣ то бувад ланг,
Ба душворӣ мурод ояд фарочанг.

пешина
аз 349
навбатӣ