Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ҳамон беҳтар, ки аз худ шарм дорем,
Бад-ин шарм аз Худо озарм дорем.
Зан афкандан набошад мардройӣ,
Худафкан бош, агар мардӣ намойӣ!
Ман он ширин дарахти обдорам,
Ки ҳам ҳалвову ҳам ҷуллоб дорам,
Нахуст аз ман қаноат кун ба ҷуллоб,
Ки ҳалво ҳам ту хоҳӣ хӯрд, маштоб!
Ба аввал шарбат аз ҳалво маандеш,
Ки ҳалво пас бувад, ҷуллоб дар пеш.
Чу моро қанду шаккар дар даҳон аст,
Ба Хузистон чӣ бояд дарзадан даст?
Зулоли об чандоне бувад хуш,
К-аз ӯ битвон нишонд ошӯби оташ.
Чу об аз сар гузашт, ояд зиёне
В-агар худ бошад оби зиндагонӣ.
Гар ин дил чун ту ҷононро нахоҳад,
Диле бошад, ки ӯ ҷонро нахоҳад,
Вале табкардаро ҳалво чашидан
Наарзад солҳо сафро кашидан!
ЛОБА КАРДАНИ ХУСРАВ ПЕШИ ШИРИН
Малик чун дид, к-ӯ дар кор хом аст,
Забонаш тавсан асту табъ ром аст,
Ба лоба гуфт, к-эй моҳи ҷаҳонтоб,
Итоби дӯстон ноз аст, бартоб.
Савоб ояд, раво дорӣ, писандӣ,
Ки вақти дастгирӣ даст бандӣ?
Давидам, то ба ту дасте дарорам,
Ба даст орам туро, дасте барорам.
Чу мебинам кунун, зулфат маро баст,
Ту дар даст омадӣ, ман рафтам аз даст.
Нагӯям, дар вафо савганд бишкан,
Хуморамро ба бӯсе чанд бишкан.
Асиреро ба ваъда шод мекун,
Муборак мурдае озод мекун.
Зи боғи васл пургул кун канорам,
Чу донӣ, к-аз фироқат бар чи хорам.
Магар з-он гул гулоболуд гардам,
Ба бӯй аз гулситон хушнуд гардам.
Ту сармасту сари зулфи ту дар даст,
Агар хушдил нишинам, ҷои он ҳаст.
1
Чу бо ту май хӯрам, чун каш набошам,
Туро бинам, чаро дилхуш набошам?
Хуш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё