Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу сар печид, гесӯ маҷлис орост,
Чу рух гардонд, гардан узри он хост.
Чу Хусравро ба хоҳиш гармдил ёфт,
Мурувватро дар он бозӣ хиҷил ёфт.
Намуд андар ҳазимат шоҳро пушт,
Ба гӯгирди сафед оташ ҳамекушт.
Бад-он пуштӣ чу пушташ монд вопас,
Ки рӯи шоҳ пуштибони ман бас.
Ғалат гуфтам, намудаш тахтаи оҷ,
Ки шаҳро низ бояд тахт бо тоҷ.
Ҳисоби дигар он будаш дар ин кӯй,
Ки пуштам низ меҳроб аст чун рӯй.
Дигар ваҷҳ он, ки гар ваҷҳе шуд аз даст,
Аз он равшантарам ваҷҳе дигар ҳаст.
Чи хуш нозест нози хубрӯён,
Зидидарондаро дар дида ҷӯён.
Ба чашме тирагӣ кардан, ки бархез,
Ба дигар чашм дил додан, ки магрез.
Ба сад ҷон арзад он рағбат, ки ҷонон
Нахоҳам гӯяду хоҳад ба сад ҷон!

ПОСУХ ДОДАНИ ХУСРАВ ШИРИНРО

Чу Хусрав дид, к-он моҳи ниёзӣ Нахоҳад кардан ӯро чорасозӣ, Ба густохӣ даромад, к-эй дилором,
1 Гувожа чанд хоҳӣ зад, биором.
Чу май хӯрдиву май додӣ ба ман бор, Чаро бояд, ки ман мастам, ту ҳушёр?
Ба ҳушёрӣ машав бо ман, ки мастӣ, Чу ман бедил наӣ, ҳаққо, ки ҳастӣ!
Туро ин кабкбишкастан чи суд аст, Ки бози ишқ кабкатро рабудаст В-агар хоҳӣ, ки дар дил роз пӯшӣ, Шикебат бод, то бо дил бикӯшӣ!
Ту низ андар ҳазимат бӯқ мезан,
2 Зи чоҳе хайма бар Айюқ мезан!
Дар ин савдо, ки бо шамшери тез аст, Силоҳи гарданафрозон гурез аст.
Ту худ донӣ, ки дар шамшербозӣ Ҳалоки сар бувад гарданфарозӣ.
Дилат гарчи ба дилдорӣ накӯшад, Бигӯ, то ишва ранге мефурӯшад.

Маломат, сарзаниш.
Ситорае дар паси Сурайё (Парвин).

пешина
аз 349
навбатӣ