Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даврон чу калиди ганҷ бирбуд
В-он қуфли хазинабанд фарсуд,
Густохравони он гузаргоҳ
Карданд даруни он ҳарам роҳ.
Диданд, фитода меҳрубоне,
Мағзе шуда, монда устухоне.
Чун маҳрами дида сохтандаш,
Аз роҳи вафо шинохтандаш.
Овоза равона шуд ба ҳар бум,
Шуд дар Араб ин фасона маълум.
Хешону гузидагону покон,
Ҷамъ омада ҷумла дарднокон,
Рафтанду дар ӯ назора карданд,
Тан хаставу ҷома пора карданд
В-он колбади гуҳарфишонда
Ҳамчун садафи сапед монда.
Гарди садафаш чу дур зудуданд,
Бозаш чу садаф абир суданд.
Ӯ худ чу ғубори мушкваш дошт,
Аз нофаи ишқ бӯи хуш дошт.
Дар гиря шуданд сӯгворон,
Карданд бар ӯ сиришк борон,
Шустанд ба оби дида покаш,
Доданд зи хок ҳам ба хокаш.
Паҳлӯгаҳи дахмаро кушоданд,
Дар паҳлуи Лайлиаш ниҳоданд.
Шаҳро ба шаробхона бурданд,
Сармаст ба соқиаш супурданд.
Хуфтанд ба ноз то қиёмат,
Бархост зи роҳашон маломат.
Буданд дар ин ҷаҳон ба як аҳд,
Хуфтанд дар он ҷаҳон ба як маҳд.
Карданд, чунон ки дошт роҳе,
Бар турбати ҳар ду равзагоҳе,
Он равза, ки рашки бӯстон буд,
Ҳоҷатгаҳи ҷумла дӯстон буд,
Ҳар, к-омадӣ аз ғарибу ранҷур,
Дарҳол шудӣ зи ранҷу ғам дур.
З-он равза касе ҷудо нагаштӣ,
То ҳоҷати ӯ раво нагаштӣ.
Ё Раб, чу ба эҳтирозу покӣ
Рафтанд зи олам он ду хокӣ,
Осоишу лутф ёрашон кун
В-омурзиши худ нисорашон кун!
Мо ҳам назием ҷовидонӣ,
Навбат чу ба мо расад, ту донӣ!..

пешина
аз 349