Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бар раҳгузаре намонд хоре,
К-аз нола назад бар ӯ шароре.
Дар ҳеҷ раҳе намонд санге,
К-аз хуни худаш надод ранге.
Чун сахт шудӣ зи гиря кораш,
Бархостӣ орзӯи ёраш.
Аз кӯҳ даромадӣ чу сайле,
Рафтӣ суи равзагоҳи Лайлӣ.
Сар бар сари хоки ӯ ниҳодӣ,
Бар хок ҳазор бӯса додӣ.
Бо турбати он бути вафодор
Гуфтӣ ғами дил ба зории зор.
Ӯ бар сари шуғлу меҳнати хеш
В-он дому дад истода дар пеш,
Ӯ замзама гашта з-оби дида
В-эшон ҳараме дар ӯ кашида,
Чашм аз раҳи ӯ ҷудо накарданд,
Касро бари ӯ раҳо накарданд,
Аз бими дадон бад-он гузаргоҳ
Бар ҷумлаи халқ баста шуд роҳ!
То ӯ нашудӣ, зи мурғ то мӯр
Кас пай наниҳод гирди он гӯр.
З-ин сон варақе сиёҳ мекард,
Умре ба ҳавас табоҳ мекард.
Рӯзе ду-се бо сагони он деҳ
Мезист, чунон ки марг аз ӯ беҳ.
Гаҳ қибла зи гӯри ёр месохт,
Гоҳ аз пайи гӯри дашт метохт.
Дар дидаи мӯр буд ҷойаш
В-аз гӯр ба гӯр буд пойаш
В-охир чу ба кори хеш дармонд,
Ӯ низ раҳилнома бархонд…
ВАФОТИ МАҶНУН
БАР РАВЗАИ ЛАЙЛӢ
Ангушткаши сухансароён
Ин қисса чунин барад ба поён,
К-он сӯхтахирмани замона
Шуд хирмане аз сиришкдона,
Дастоси фалак шикаст хурдаш,
Чун хурд шикаст, бозбурдаш.
З-он ҳол, ки буд, зортар гашт,
Безӯртару низортар гашт.
Ҷоне зи қадам расида то лаб,
Рӯзе ба ситам расида то шаб,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор