Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пир он дури суфта бар камар баст,
З-он дурри насуфта рахт барбаст.
1
Дасте салаби халалнадида
Бурд аз пайи он салабдарида.
Шуд кӯҳ ба кӯҳ тез чун бод,
Гоҳе ба харобу гаҳ ба обод.
Рӯзе ду-се ҷусташ андар он бум
В-аҳволи вайаш нагашт маълум.
То оқибаташ фитода бар хок
Дар домани кӯҳ ёфт ғамнок.
Пиромуни ӯ дарандае чанд
Хозин шуда чун хазинаро банд.
Маҷнун чу зи дур дид дар пир,
Чун тифл намуд майл бар шир,
Зад бар дадагон ба тундӣ овоз,
То сар накашанд сӯи ӯ боз.
Чун ваҳш ҷудо шуд аз канораш,
Пир омаду шуд сипосдораш,
Аввал сари хеш бар замин зад
В-он гаҳ дари узру офарин зад,
Гуфт: эй ба ту мулки ишқ барпой,
То бошад ишқ, бош барҷой,
Аз чашмаи Хур чу Хизр бархур
В-офоқнавард чун Сикандар!
Лайлӣ, ки ҷамилаи ҷаҳон аст,
Дар дӯстии ту то ба ҷон аст,
Мепурсаду мекунад саломат
Хоҳад ба иродати тамомат.
Дерест, ки рӯи ту надидаст,
Н-аз лафзи ту нуктае шунидаст.
Кӯшад, ки яке дамат бибинад,
Бо ту ду ба ду ба ҳам нишинад.
Ту низ шавӣ ба рӯи ӯ шод,
Аз банди фироқ гардӣ озод.
Хонӣ ғазале ду ромишангез,
Бозори гузаштаро кунӣ тез.
Нахлистонест хубу хушранг,
Дарҳам шуда ҳамчу бешаи танг.
Бар авҷи сипеҳр сар кашида,
Зераш ҳама сабза бардамида.
Меодгаҳи баҳорат он ҷост,
Он ҷост калиди корат, он ҷост!

Либос; ҷавшан.

пешина
аз 349
навбатӣ