Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сагро чу диҳӣ силеҳи гургӣ,
Шере-ш кунӣ ба сад бузургӣ.
Ганҷина мадеҳ ба ҳар гадое,
Тарсам, ки кунад ҷаҳон хатое.
Ман дар раҳи бандагӣ кашам бор,
Ту пояи хоҷагӣ нигаҳ дор.
Бо ту сипарам, маяфканам зер,
Чун бифканиам, шавам ба шамшер.
Бар олати хештан мазан санг,
Бо лашкари хештан макун ҷанг.
Чун бар тани хештан занӣ неш,
Андоми дурустро кунӣ реш.
Он кун, ки ба рифқу дилнавозӣ
Озодонро ба банд созӣ.
Он беҳ, ки дирамхаридаи ту
Сурма набарад зи дидаи ту.
Ҳар хоҷа, ки ин кифояташ нест,
Бар бандаи худ вилояташ нест
В-он кас ки бад-ин ҳунар тамом аст,
Нахрида варо басе ғулом аст.
Ҳастам чу ғуломи ҳалқадаргӯш,
Медор ба бандагӣ-му мафрӯш.
Дар мағз маяфкан оташи тез
В-оташ зи димоғи кас маянгез!
Дар ҳар тане аз ғазаб ғирев аст,
Ҳар одамӣ ошнои дев аст,
Чун деви ту аз замин барояд,
Он деви дигар баробар ояд.
Ман хоркашам, ту боркаш бош,
Ман бо ту хушам, ту низ хуш бош!
Чандон шиканӣ зи дастбозӣ,
Рӯзе-м чаро наменавозӣ?
Боде, ки барорам аз дами сард,
Дар мағзи ҳаво биафсурад гард.
Эй дар канафи дигар хазида,
Ҷуфте ба муроди худ гузида.
1
Накшода фуқоъе аз саломам,
Бар тахтаи ях навишта номам.
Бо ман сухани ту печ-печ аст,
На ҳеч тиҳӣ, ки ҳечи ҳеч аст.
2
Як наъл бар абрашам надодӣ,
Сад наъл дар оташам ниҳодӣ.

Шароб; шарбат; шиша, кӯза.
Аспи холдор.

пешина
аз 349
навбатӣ