Ҳафтахтар Ҷилди 3

Лекин ҷигарам ба зери хун аст,
К-он ёр, ки беман аст, чун аст?
Бе ман варақи кӣ мешуморад,
Айём чи гуна мегузорад,
Соҳибсафари кадом роҳ аст,
Суфра-ш ба кадом хонақоҳ аст,
Ҳамсуҳбатии кӣ мегузинад,
Ёраш киву бо кӣ менишинад?
Гар ҳастӣ аз он мусофир огоҳ,
Моро хабаре бидеҳ дар ин роҳ!
Чун ман зи вай ин сухан шунидам,
Хомӯш будан раво надидам.
Он нақш, ки будам аз ту маълум,
Бар дил задамаш чу муҳр бар мум,
К-он шефтаи зи худ рамида
Ҳаст аз ҳама дӯстон бурида.
Бод аст зи ишқи ту ба дасташ,
Гӯр асту гавазн ҳамнишасташ.
Ишқи ту шикаста будаш аз дард,
Марги падараш шикастатар кард.
Бинад ҳама рӯз хор бар хор,
З-ин гуна фитода кор дар кор.
Гаҳ қиссаи меҳнати ту хонад
В-аз дида ҳазор сел ронад.
Гаҳ марсияти падар кунад соз
В-аз санги сияҳ барорад овоз
В-он гаҳ зи қасоиди ҳалолат,
К-омӯхтаам зи ҳасби ҳолат,
Хондам ду-се байт пеши он Моҳ,
З-он сон, ки баромад аз дилаш оҳ,
Ларзид ба ҷову сар фурӯ бурд,
Дур аз ту, чунон ки гуфтам, ӯ мурд!
Баъд аз нафасе, ки сар баровард,
Оҳе дигар аз ҷигар баровард,
Бигрист ба ҳой-ҳойу фарёд,
Кард аз падарат ба навҳа-дар ёд
В-аз бекасии ту дар чунин дард
Мегуфту бар он дареғ мехӯрд.
Чун кард басе хурӯшу зорӣ,
Бинмуд ба аҳдам устуворӣ,
К-эй покдили ҳалолзода,
Бардор, ки ҳастам уфтода!
Рӯзе, ки аз ин қароргоҳат
Тадбир бувад ба азми роҳат,
Бар хиргаҳи ман гузар кун аз роҳ, -
В-аз дур ба ман намуд хиргоҳ, -
То номае аз ҳисоби корам, Тартиб кунам, ба ту супорам, Ёрӣ-т расод, то ниҳонӣ Ин нома ба ёри ман расонӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо