Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзе ду, ки бо ту ҳаминонам,
Холӣ машав аз рикоби ҷонам,
Ҷинси ту манам, ҳарифи ман бош,
Таскини дили заифи ман бош,
Имшаб чу инон зи ман битобӣ,
Фардо, ки талаб кунӣ, наёбӣ!
Гар бар ту аз ин сухан гаронист,
Ин ҳам зи қазои осмонист,
Наздик расид, кор месоз,
Бо гардиши рӯзгор месоз!
1
Хуш зӣ ту, ки ман варақ наваштам,
Май хур ту, ки ман хароб гаштам.
Ман мегузарам, ту дар амон бош,
Ғам кушт маро, ту шодмон бош!
Афтод бар Офтоб гардам,
Наздик шуд офтобзардам,
Рӯзам ба шаб омад, эй саҳар, ҳон,
Ҷонам ба лаб омад, эй писар, ҳон,
Эй ҷони падар, биёву биштоб,
То ҷони падар нарафта, дарёб!
З-он пеш, ки ман дароям аз пой,
Дар хонаи хеш гарм кун ҷой,
То чун аҷалам расад, бимирам,
Донам, ки касест ҷойгирам.
Чун рахт кашанд аз ин сароям,
Охир халафе бувад ба ҷоям!
Напсандад ҳеч дӯст душман,
Ман мурда, ту холӣ аз сари ман,
Бегонае аз миён дарояд,
Андӯхтаи маро рабояд,
Пасмондае аз пасам набошад,
Бо чун ту касе касам набошад!
Овози раҳил додам, инак,
Дар кӯчгаҳ уфтодам, инак,
Тарсам, ки ба кӯч ронда бошам,
Оӣ туву ман намонда бошам,
Сар бар сари хоки ман бимолӣ,
Нолӣ зи фироқу сахт нолӣ!
Гар худ нафасат чу дуд бошад,
З-он дуд маро чи суд бошад
В-ар тоби ғамат ҷаҳон бисӯзад,
Кай чеҳраи бахти ман фурӯзад?!

Тай кардан, гузарондан.

пешина
аз 349
навбатӣ