Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷуз номи ту бар забон наорад,
Ғайри ту кас аз ҷаҳон надорад.
Як дам набувад, ки он паризод
Сад бор наоварад туро ёд.
Солест, ки шуд арӯсу беш аст,
Бо меҳри туву ба муҳри хеш аст.
Гар бе ту ҳазор сол бошад,
Бар хӯрдан аз ӯ муҳол бошад!
Маҷнун, ки дар он дурӯғгӯӣ
Дид оинае бад-он дурӯӣ,
Андактар аз он чи буд, ғам хӯрд,
Кам моя аз он чи буд, кам кард.
Мебуд чу мурғи паршикаста,
З-он зарба, ки хӯрд, саршикаста.
Аз ҷазъи пуроб лаъл месуфт,
Бар аҳди шикаста байт мегуфт.
Сомону саре надошт кораш,
К-аз вай хабаре надошт ёраш.

ШИКОЯТ КАРДАНИ МАҶНУН
БО ХАЁЛИ ЛАЙЛӢ

Машшотаи ин арӯси наваҳд
Дар ҷилва чунон кашидаш аз маҳд,
К-он маҳднишин арӯси ҷаммош,
Рашки қалами ҳазор наққош,
Чун гашт ба шӯй пойбаста,
Буд аз пайи дӯст дилшикаста.
Ғамхораи ӯ ғаме дигар ёфт,
К-аз кардани шӯи ӯ хабар ёфт.
Гашта хиради фариштафомаш
Маҷнунтар аз он, ки буд номаш.
Афтода чу мурғи парфишонда,
Беш аз нафасе дар ӯ намонда.
Дар ҷустани оби зиндагонӣ
Барҷаст ба ҳолате, ки донӣ,
Шуд сӯи диёри он парирӯй,
Борик шуда зи мӯя чун мӯй.
Бо ӯ ба забони бод мегуфт,
К-эй ҷуфти нишотгашта бо ҷуфт,
Ку он ду ба ду ба ҳам нишастан,
Аҳде ба ҳазор уҳда бастан?
Ку он ба висол ваъда додан,
1
Сар бо хати хозеъӣ ниҳодан?
Даъво кардан ба дӯстдорӣ,
Додан ба вафо умедворӣ

Фурӯ гузоштан.

пешина
аз 349
навбатӣ