Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бӯе, ки зи сӯи ёраш омад,
Хушбӯйтар аз баҳораш омад,
З-он бӯи хуши димоғпарвар
Аъзо-ш гирифта ранги анбар,
З-он анбари хуш зи баҳри савдо
Мекард муфарреҳе муҳайё.
Бар хок фитода чун залилон,
Дар зери дарахте аз муғилон,
З-он рӯй, ки рӯи кор нашнохт,
Хор аз гулу гул зи хор нашнохт.
Ногаҳ сияҳе, шутурсаворе
Бигзашт бар ӯ чу гурзаморе,
Чун дид дар он асири берахт,
Бигрифт зимоми ноқаро сахт,
Ғуррид ба шакли наррадеве,
Бардошт чу ғофилон ғиреве,
К-эй бехабар аз ҳисоби ҳастӣ,
Машғул ба кори бутпарастӣ,
Беҳ, гар зи бутон инон битобӣ,
К-аз ҳеҷ буте вафо наёбӣ!
Ин кор, ки ҳаст, нест бонур
В-он ёр, ки нест, ҳаст аз ин дур,
Бекор касӣ ту аз чунин кор,
Беёр беҳӣ ту аз чунин ёр!
Он дӯст, ки дил бад-ӯ супурдӣ,
Бар душманиаш гумон набурдӣ,
Шуд душмани ту зи бевафоӣ,
Хӯ бозбурид аз ошноӣ,
Чун хирмани худ ба бод додат,
Бадаҳд шуду накард ёдат.
Доданд ба шавҳаре ҷавонаш,
Карданд арӯс дарзамонаш
В-ӯ хидмати шӯйро бисечид,
Печид дар ӯву сар напечид,
Бошад ҳамарӯза гӯш дар гӯш,
Бо шавҳари хештан ҳамоғӯш,
Кораш ҳама бӯсаву канор аст,
Ту дар ғами кораш, ин чи кор аст!
Чун ӯ зи ту дур шуд ба фарсанг,
Ту низ бизан қароба бар санг.
Чун н-оварадат ба солҳо ёд,
З-ӯ ёд макун, чи корат афтод.
Зан, гар на яке, ҳазор бошад,
Дар аҳд кам устувор бошад.
Чун нақши вафову аҳд бастанд,
Бар номи занон қалам шикастанд.

пешина
аз 349
навбатӣ