Ҳафтахтар Ҷилди 3

Оранд шароб ё таоме,
Бошад, ки бад-ӯ диҳанд ҷоме.
Гирад ба ҳазор ҷаҳд як ҷом
В-он низ ба ёди он дилором.
Дар кори ҳама шумораш ин аст,
Ин аст шумори кораш, ин аст.
Навфал чу шунид ҳоли Маҷнун,
Гуфто, ки зи мардумист акнун,
К-ин дилшударо чунон ки донам,
Кӯшам, ки ба коми дил расонам.
Ман дар талаби шикор гардам,
Баҳ-баҳ, ки чунин шикор кардам.
Аз пушти саманди хайзарондаст
Рон бозкушоду бар замин ҷаст.
Он гоҳ варо ба пеши худ хонд,
Бо хештанаш ба суфра биншонд.
Мегуфт фасонаҳои гармаш,
Чандон ки чу мум кард нармаш.
Гӯянда чу дид, к-он ҷавонмард
Бе дӯст наволае намехӯрд,
Ҳар-ч он на ҳадиси дӯст будӣ,
Гар худ ҳама мағз, пӯст будӣ.
1
Аз ҳар намате, ки қисса мехонд,
Ҷуз дар Лайлӣ сухан намеронд
В-он шефтаи зи раҳ рамида
З-онҳо, ки шунида, орамида,
Хушдил шуду орамид бо ӯ,
Ҳам хӯрду ҳам ошамид бо ӯ.
Бо ӯ ба бадеҳа хуш даромад,
Чун ёфт ҳариф, хуш баромад.
Мезад ҷигараш чу мағз бар ҷӯш,
Мехонд қасидаҳои чун нӯш.
Бар ҳар сухане ба хандаи хуш
Мегуфт бадеҳае чу оташ
В-он чарбсухан ба хушҷавобӣ
Мекард иморати харобӣ,
К-аз дурии он чароғи пурнур,
Ҳон, то нашавӣ чу шамъ ранҷур,
К-ӯро ба зару ба зӯри бозу
Гардонам бо ту ҳамтарозу.
Гар мурғ шавад, ҳаво бигирад,
Ҳам чанги манаш қафо бигирад.
Гар бошад чун шарора дар санг,
Аз оҳанаш оварам фарочанг.
Дар ин ҷо ба маънои тарзу тариқ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо