Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бурдиву бад-он ғариб додӣ,
К-аз вай сухани ғариб зодӣ.
Ӯ низ бадеҳае равона
Гуфтӣ ба нишони он нишона.
З-ин гуна миёни он ду дилбанд
Мерафт паёмгунае чанд.
З-овозаи он ду булбули маст
Ҳар булбулае, ки буд, бишкаст!
З-он ҳар ду бирешими хушовоз
Бар соз басе бирешими соз.
Бар рӯду рубобу нолаи чанг
Якранг навои он ду оҳанг!
З-эшон сухане ба нукта рондан
В-аз чанг задан, зи ной хондан.
Аз нағмаи он ду ҳамтарона
Мутриб шуда кӯдакони хона.
Хасмон дари таъна боз карданд,
Дар ҳарду забон дароз карданд
В-эшон зи бади газофгӯён
Худро ба сиришки дида шӯён.
Буданд бад-ин тариқ соле
Қонеъ ба хаёлу чун хаёле.

РАФТАНИ ЛАЙЛӢ
БА ТАМОШОИ БӮСТОН

Чун хайма кашид гул ба саҳро,
1
Шуд хок ба рӯи гул мутарро,
Хандид шукуфа бар дарахтон
Чун сиккаи рӯи некбахтон…
Булбул зи дарахт сар кашида,
Маҷнунсифат оҳ баркашида.
Гул чун рухи Лайлӣ аз аморӣ
Берун зада сар ба тоҷдорӣ.
Дар фасли гуле чунин ҳумоюн
Лайлӣ зи висоқ рафт берун…
Будаш ғараз он, ки дар паноҳе
Чун сӯхтагон барорад оҳе.
Бо булбули маст роз гӯяд,
Ғамҳои гузашта бозгӯяд.
Ёбад зи насими гулситоне
Аз ёри ғариби худ нишоне.
Бошад, ки дилаш кушода гардад,
Боре зи дилаш фитода гардад.

Пуратр, хушбӯй.

пешина
аз 349
навбатӣ