Ҳафтахтар Ҷилди 3

Мекард ба вақти ғамзасозӣ
Бар тозиву турк турктозӣ.
Сайде зи каманди ӯ намераст,
Ғамза-ш бигирифту зулф мебаст.
Аз оҳуи чашми нофавораш
Ҳам нофа, ҳам оҳувон шикораш
В-аз ҳалқаи зулф вақти нахчир
Бар гардани шер баст занҷир.
Аз чеҳра гул, аз лаб ангубин кард,
К-он дид табарзад, офарин кард.
Дил дода ҳазор нозанинаш
Дар орзуи гулангубинаш.
Зулфаш раҳи бӯсахоҳ меруфт,
Мижгон-ш «Худо диҳод!» мегуфт.
Зулфаш ба каманд пеш мехонд,
Мижгон-ш ба дурбош меронд.
Бурда ба ду рух зи Моҳ бешӣ,
Гулро ду пиёда дода пешӣ.
Қаддаш чу кашида зодсарве,
Рӯяш чу ба сарв-бар тазарве.
Лабҳош, ки ханда бар шакар зад,
Ангушт газид бар табарзад.
Лаълаш, ки ҳадиси бӯс мекард,
Бар тунги шакар фусӯс мекард.
Чоҳи занахаш, ки сар кушода,
Сад дил ба ғалат дар ӯ фитода.
Зулфаш расане фиканда дар роҳ,
То ҳар ки фитад, барорад аз чоҳ.
Бо ин ҳама нозу дилситонӣ
Хун шуд ҷигараш зи меҳрубонӣ.
Дар парда, ки роҳ буд баста,
Мебуд чу парда баршикаста.
Мерафт нуҳуфта бар сари бом
Наззоракунон зи субҳ то шом,
То Маҷнунро чи гуна бинад,
Бо ӯ нафасе куҷо нишинад.
Ӯро ба кадом дида ҷӯяд,
Бо ӯ ғами дил чи гуна гӯяд.
Аз бими рақибу тарси бадхоҳ
Пӯшида ба ними шаб задӣ роҳ.
Чун шамъ ба заҳрханда мезист,
Ширин хандиду талх бигрист.
Гулро ба сиришк мехарошид
В-аз чӯб рафиқ метарошид.
Месӯхт ба оташи ҷудоӣ,
На дуд дар ӯ, на рӯшноӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо