Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гарчи шудаам чу мӯяш аз ғам,
Як мӯй нахоҳам аз сараш кам,
Аз ҳалқаи ӯ ба гӯшмолӣ
Гӯши адабам мабод холӣ,
Бе бодаи ӯ мабод ҷомам,
Бе сиккаи ӯ мабод номам,
1
Ҷонам фидии ҷамол бодаш,
Гар хун хурадам, ҳалол бодаш,
Гарчи зи ғамаш чу шамъ сӯзам,
Ҳам бе ғами ӯ мабод рӯзам!
Ишқе, ки чунин ба ҷои худ бод,
Чандон ки бувад, яке ба сад бод!
Медошт падар ба сӯи ӯ гӯш,
К-ин қисса шунид, гашт хомӯш,
Донист, ки дил асир дорад,
Дарде на давопазир дорад.
Чун рафт ба хона сӯи хешон,
Гуфт, он чи шунид, пеши эшон,
К-ин силсилае, ки банд бишкаст,
Чун ҳалқаи Каъба дид дар даст,
З-ӯ замзамае шунид гӯшам,
К-овард чу Замзаме ба ҷӯшам.
Гуфтам магар он саҳифа хонад,
К-аз меҳнати Лайлиаш раҳонад,
Ӯ худ ҳама кому ройи ӯ гуфт,
Нафрини худу дуои ӯ гуфт!
ОГОҲИИ ПАДАРИ МАҶНУН
АЗ ҚАСДИ ҚАБИЛАИ ЛАЙЛӢ
Чун гашт ба олам ин сухан фош,
Афтод варақ ба дасти авбош,
К-аз ғояти ишқи дилситоне
Шуд шефта нозанин ҷавоне.
Ҳар неку баде, к-аз ӯ шуниданд,
Дар неку баде забон кашиданд.
Лайлӣ зи газофи ёфагӯён
Дар хонаи ғам нишаст мӯён.
Шахсе ду зи хайли он ҷамила
Гуфтанд ба шоҳи он қабила,
К-ошуфта ҷавоне аз фалон дашт
Бадномкуни диёри мо гашт.
Фидо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо