Ҳафтахтар Ҷилди 3

Шарти ҳунараш тамом карданд,
Қайси ҳунарӣ-ш ном карданд.
Чун бар сари ин гузашт соле,
Бифзуд ҷамолро камоле.
Ишқаш ба дудастӣ об медод,
З-ӯ гавҳари ишқ тоб медод.
Соле ду-се дар нишоту бозӣ
Меруст ба боғи дилнавозӣ.
Чун шуд ба қиёс ҳафтсола,
Омуд бунафша гирди лола,
К-аз ҳафт ба даҳ расида солаш,
Афсонаи халқ шуд ҷамолаш.
Ҳар кас, ки рухаш зи дур дидӣ,
Боде зи дуо бар ӯ дамидӣ.
Шуд чашми падар ба рӯи ӯ шод,
Аз хона ба мактабаш фиристод,
Додаш ба дабири донишомӯз,
То ранҷ барад бар ӯ шабу рӯз.
Ҷамъ омада аз сари шукӯҳе
Бо ӯ ба мувофиқат гурӯҳе,
Ҳар кӯдаке аз умеду аз бим
Машғул шуда ба дарсу таълим.
Бо он писарони хурдпайванд
Ҳамлавҳ нишаста духтаре чанд,
Ҳар як зи қабилаеву ҷое,
Ҷамъ омада дар адабсарое.
Қайси ҳунарӣ ба илм хондан,
Ёқути лабаш ба дур фишондан.
Буд аз садафи дигар қабила
Носуфта дуре-ш ҳамтавила,
Офатнарасида духтаре хуб,
Чун ақл ба номи нек мансуб,
Ороста луъбате чу моҳе,
Чун сарви сиҳӣ назорагоҳе.
Шӯхе, ки ба ғамзаи камина
Суфтӣ на яке, ҳазор сина.
Оҳучашме, ки ҳар замоне
Куштӣ ба карашмае ҷаҳоне.
Моҳи арабӣ ба рух намудан,
Турки аҷамӣ ба дил рабудан.
Зулфаш чу шабе, рухаш чароғе,
Ё машъалае ба чанги зоғе.
Кӯчакдаҳане, бузургсоя,
Чун тунги шакар фарохмоя.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо