Ҳафтахтар Ҷилди 3

СУРУД ГУФТАНИ НАКИСО
АЗ ЗАБОНИ ШИРИН
Накисо дар тараннум ҷодувӣ сохт,
1
Пас он гаҳ ин ғазал дар «Роҳавӣ» сохт:
Бисоз, эй ёр, бо ёрони дилсӯз,
Ки дӣ рафту нахоҳад монд имрӯз.
Гиреҳ бикшой, бо мо бастагӣ чанд,
Шитоби умр бин, оҳистагӣ чанд,
Зи ёрӣ ҳукм кун, то шаҳриёрӣ
Надорад ҳеҷ бунёд устуворӣ.
Ба рӯзе чанд бо ин сустрахтӣ,
Бад-ин сахтӣ чи бояд кард сахтӣ,
Ба умре, к-ӯ бувад панҷоҳ ё шаст,
Чи бояд сад гиреҳ бар ҷони худ баст?
Басо тоба, ки монд аз тирагӣ сард,
2
Басо сикбо, ки сагбон пухту саг хӯрд.
Хуш он бошад, ки имшаб бода нӯшем,
Амон бошад, ки фардо боз кӯшем?
Чу бар фардо намонд уммедворӣ,
Бибояд кардан имшаб созгорӣ.
Ҷаҳон бисёр шаббозӣ намудаст,
Ҷаҳоннодидаӣ, ҷоно, чи суд аст?
Баҳоре дорӣ, аз вай бар хӯр имрӯз,
Ки ҳар фасле нахоҳад буд Наврӯз.
Гуле, к-ӯро набӯяд одамизод,
Чу ҳангоми хазон ояд, барад бод.
Гул он беҳтар, к-аз ӯ гул-об хезад,
Гулобӣ гар гузорад гул, бирезад.
Дар он ҳазрат, ки номи зар сафол аст,
Чу ман мис дар ҳисоб ояд, муҳол аст.
Лаби дарёву он гаҳ қатраи об,
Рухи хуршеду он гаҳ кирми шабтоб?!
Чу бозори ту ҳаст аз некуӣ тез,
Касодеро чу ман равнақ барангез.
Бихар колои косид, то тавонӣ,
Ба кор ояд яке рӯзат, чи донӣ.
Дурусте гарчи дорад кору боре,
Шикастабаста низ ояд ба коре.
Агарчи зар ба муҳр афзуниёр аст,
3
Қурозарезаҳо ҳам дар шумор аст.
1 Пардаи суруд («Ғиёс»).
2 Навъе аз ош аст, ки аз булғури гандум ва сиркаву набот ва гӯшту кишмиш созанд («Бурҳони қотеъ»).
Қуроза – резаи ҳар чиз, ки аз буриши миқроз ҳосил шавад; резаи зару сим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ