Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро дар кӯят, эй шамъи накӯӣ,
Фалак пои буз афканда-ст, гӯӣ,
Ки гар чун гӯсфандам мебурӣ сар,
Ба пои худ давам чун саг бар он дар.
Диламро мебарӣ, андешае нест,
Бибар, к-аз бедилӣ беҳ пешае нест.
Тане, к-ӯ бори ин дил барнатобад,
Ба сарборӣ ғами дилбар натобад.
Чу дар хидмат набошад шахси ранҷур,
Набояд дил, ки аз хидмат бувад дур.
Басе кӯшам, ки дил бардорам аз ту,
Ки бас равнақ надорад корам аз ту.
На битвон дил зи корат баргирифтан,
На аз дил низ борат баргирифтан.
Бад-он ҷон, к-аз чунин сад ҷон фузун аст,
Ки ҷонам бе ту дар ғарқоби хун аст,
Бад-он чашми сияҳ, к-оҳушикор аст,
К-аз оҳуи ту чашмамро ғубор аст.
Фурӯ монад зи ту холиву навмед,
Чу зарра, к-ӯ ҷудо монад зи Хуршед.
Ҷудо гаштам зи ту ранҷуру танҳо,
Чу моҳӣ, к-ӯ ҷудо монад зи дарё,
Мадорам беш аз ин чун Моҳ дар меғ,
Ту дониву сар, инак, тоҷ ё теғ!
Чу дар мулки ҷамолат тоза шуд рой,
Иноятро мисоле тоза фармой.
Пас аз умре, ки кардам дида ҷоят,
Кам аз як шаб, ки бӯсам ҷои поят,
Чунон дон, гар лабам пурханда дорӣ,
Ки бешак, мурдаеро зинда дорӣ.
Ба бӯсе барфурӯз афсурдаеро,
Ба бӯе зинда гардон мурдаеро.
Маро фаррух бувад рӯи ту дидан,
Муборак бошад овозат шунидан.
Хилоф он шуд, ки аз чашмам ниҳонӣ
Чу аз чашми бад оби зиндагонӣ.
Худое, к-офаринишкардаи ӯст,
Зи тан то ҷон падидовардаи ӯст,
Умедам ҳаст, к-аз рӯи ту дилсӯз
Ба рӯз орад шабамро ҳам яке рӯз!
Чу Ширин дастбурди Борбад дид,
Зи дасти ишқ худро кор бад дид.
Навое баркашид аз синаи танг
Ба чангӣ дод, к-ин дарсоз дар чанг,
Бизан роҳе, ки шаҳ бероҳ гардад,
Магар, к-ин доварӣ кӯтоҳ гардад!

пешина
аз 349
навбатӣ