Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

СУРУД ГУФТАНИ НАКИСО
АЗ ЗАБОНИ ШИРИН

Чу рӯди Борбад ин парда пардохт,
Накисо зуд чанги хеш бинвохт,
Дар он парда, ки хонандаш ҳисорӣ,
Чунин бикре баровард аз иморӣ:
Дилам хоки ту гашт, эй сарви чолок,
Барафкан сояе чун сарв бар хок.
Аз ин мушкинрасан гардан чи тобӣ,
Расандагардане чун ман наёбӣ,
Агар гарданкашӣ кардам чу мирон,
Расан дар гардан оям чун асирон!
Нагунҷад осмон дар хонаи ман,
Ду олам дар яке вайронаи ман.
Натобад пои пилон хонаи мӯр,
Набошад пашша бо симурғ ҳамзӯр.
Сипеҳре кай фуруд ояд ба чоҳе,
Куҷо гунҷад биҳиште дар гиёҳе.

Саре, к-ӯ нузлидарбонро нашояд,
Нисори тахти султонро нашояд.
Ба ҷон овардани дӯшина мангар,
Ба ҷон бин, к-оваридам дида бар сар.
Дар он ҳазрат, ки хоҳишро қадам нест,
Шафеъе боядам в-он ҷуз карам нест.
Ба узри кардани чандон гуноҳам,
Агар узре ба даст орам, бихоҳам
Занам чандон заминро бӯс дар бӯс,
Ки бахшоиш бар орад кӯс дар кӯс,
Ба чеҳра хокро чандон харошам,
К-аз он хок обрӯе бартарошам,
Бисотатро ба рух чандон кунам нарм,
Ки иқболат диҳад маншури озарм.
Чунин хондам зи толеъномаи шоҳ,
Ки соҳибтолеи пайкон бувад Моҳ.
Ман он пайкам, ки толеъ Моҳ дорам,
Чу пайкон пой аз он дар роҳ дорам.
Зи ҷӯши ин дили ҷӯшида бо ту
Паёме доштам пӯшида бо ту,
1
Баридам, то паёматро гузорам.
Ҳам аз ганҷи ту воматро гузорам.
Даҳонам гар зи хурдӣ кард як ноз,
Ба хурда дар миён овардамаш боз.

Қосид, номабар.

пешина
аз 349
навбатӣ