Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба нозаш, к-аз ҷибоят бениёз аст,
Ба узраш, к-он басе хуштар зи ноз аст,
Ба тоқи он ду абрӯи хамида
2
Мисоле з-он ду туғро баркашида,
Бад-он мижгон, ки чун бар ҳам занад неш,
Кунад захмаш дили Ҳорутро реш,
Ба чашмаш, к-аз итобам кард ранҷур,
Ба чашмак карданаш, к-аз дар машав дур,
Бад-он ораз, к-аз ӯ чашм об гирад,
Зи таррӣ нукта бар маҳтоб гирад,
Бад-он гесӯ, ки қалъашро каманд аст,
Чу сарви қоматаш болобаланд аст,
Ба морафсоии он турраву дӯш,
Ба чанбарбозии он ҳалқаву гӯш,
Бад-он наргис, ки аз наргис гарав бурд,
Бад-он сунбул, ки сунбул пеши ӯ мурд,
Бад-он сиву ду дона луълӯи тар,
Ки дорад қуфле аз ёқут бар дар,
Ба сеҳри он ду бодоми камарбанд,
Ба лутфи он ду унноби шакарханд,
Ба чоҳи он занах бар чашмаи Моҳ,
Ки дилро об з-он чашма-сту он чоҳ,
Ба тавқи ғабғабаш гӯӣ, ки обе
Муаллақ гаштааст аз офтобе,
Бад-он симин ду нори наргисафрӯз,
Ки гирдӣ бистад аз норинҷи Наврӯз,
Ба фундуқҳои симинаш даҳангушт,
Ки қоқумро зи рашки хештан кушт,
Бад-он соид, ки аз бас равнақу об
Чу симинтахта шуд бар тахти симоб,
Бад-он нозукмиёни шӯшаандом,
Валекин шӯшае аз нуқраи хом,
Ба симин соқи ӯ гуфтан наёрам,
Ки гар гӯям, ба шаб хуфтан наёрам,
Ба хоки пои ӯ, к-аз дида беш аст,
Бад-ӯ савганди ман бар ҷои хеш аст,
Ки гар дастам диҳад, к-орам ба дасташ,
Миёни ҷон кунам ҷои нишасташ,
Зи дастам нагзарад, то зинда бошам,
Ҷаҳонро шоҳу ӯро банда бошам!

Ҷамъоварии хироҷ.
Хати печидаи душворхон.

пешина
аз 349
навбатӣ