Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Басо рахна, ки асли маҳкамиҳост,
Басо андуҳ, ки дар вай хуррамиҳост,
Ҷафо кардан на бас фархунда фолест,
Макун, к-имшаб шабе, охир, на солест.
Дилам хуш кун, ки ғамхор омадастам,
Туро хоҳам, бад-ин кор омадастам.
Чу шамъ аз пой наншинам бад-ин кор,
Ки чун ман ҳаст ширинҷӯй бисёр.
Ҳамоно шамъ аз он бо оби дида-ст,
Ки ӯ низ аз лаби Ширин бурида-ст.
Гиреҳ бар дил чаро дорад найи қанд,
Магар, к-ӯ низ Ширинрост дар банд.
Чаро нахли рутаб бар дил хурад хор,
Магар, к-ӯ ҳам ба Ширин шуд гирифтор.
1
Ҳамэдун шир агар ширин набудӣ,
Ба тифлӣ халқро таскин набудӣ.
Ба ширинӣ раванд ин як-ду мискин,
Ту Шириниву эшон низ ширин.

ПОСУХ ДОДАНИ ШИРИН БА ХУСРАВ

Зи роҳи посух он моҳи қасабпӯш Зи шаккар кард шаҳро ҳалқа дар гӯш.
Кушод аз дурҷи гавҳар қуфли ёқут, Рутабро қанд доду қандро қут.
Мисоле дод маҳро дар саворӣ, Бароте мушкро дар пардадорӣ.
Сутуни сарвро рафтан даромӯхт, Чу ғунча тез шуд, чун гул барафрӯхт.
Ба хидмат бӯса зад бар гӯшаи бом, Ки бошад хишти пухта анбари хом.
Чу навбат дошт дар хидмат намудан, Бурун зад навбате дар дил рабудан.
Нахустин гуфт, к-эй дорои олам, Бароварда алам болои олам,
2 Зи Чин то Рум дар тавқеъи номат
3 Қадархон бандаву қайсар ғуломат.
На танҳо хоки ту хоқони Чин аст, Чунинат чанд хокӣ бар замин аст.
Ҳар он полудае, к-ӯ худ бувад зард, Ба чарбӣ ё ба ширинӣ тавон хӯрд.

1
Ҳамчунин; акнун.
Муҳру имзои зери фармон.
Баъзе лақаби шоҳи Чин ва баъзе лақаби шоҳи Туркистон гуфтаанд («Ғиёс»).

пешина
аз 349
навбатӣ