Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба мақбулони хилватбаргузида,
Ба маъсумони олоишнадида,
Ба ҳар тоат, ки наздикат савоб аст,
Ба ҳар даъват, ки пешат мустаҷоб аст,
Бад-он оҳи пасин, к-аз арш пеш аст,
Бад-он номи маҳин, к-аз шарҳ беш аст,
Ки раҳме бар дили пурхунам овар,
В-аз ин ғарқоби ғам берунам овар.
Агар ҳар мӯи ман гардад забоне,
Шавад ҳар як туро тасбеҳхоне,
Ҳанӯз аз безабонӣ хуфта бошам,
Зи сад шукрат яке ногуфта бошам.
Ту он ҳастӣ, ки бо ту кистӣ нест,
Туӣ ҳаст, он дигар ҷуз нестӣ нест.
Туӣ дар пардаи ваҳдат ниҳонӣ,
Фалакро дода бар дар қаҳрамонӣ.
Худовандӣ-тро анҷому оғоз
Надонад аввалу охир касе боз.
Ба даргоҳи ту дар уммеду дар бим
Нашояд роҳ бурдан ҷуз ба таслим.
Фалак барбастиву даврон кушодӣ,
Ҷаҳону ҷону рӯзӣ ҳар се додӣ.
Агар рӯзӣ диҳӣ в-ар ҷон ситонӣ,
Ту донӣ, ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ту донӣ.
Ба тавфиқи туам з-ин гуна бар пой,
Бар он тавфиқ тавфиқе барафзой.
Чу ҳукме ронд хоҳӣ ё қазое,
Ба таслим офарин дар ман ризое.
Агарчи ҳар қазое, к-он ту ронӣ,
Мусаллам шуд ба маргу зиндагонӣ,
Мани ранҷур бетоқатиёрам,
Мадеҳ ранҷе, ки ман тоқат надорам.
Зи ман н-ояд ба воҷиб ҳеҷ коре,
Гар аз ман н-ояд, ояд аз ту боре.
Ба инъоми худам дил хуш кун ин бор,
Ки инъоми ту бар ман ҳаст бисёр.
Зи ту чун пӯшам ин рози ниҳонӣ
В-агар пӯшам, ту худ пӯшида донӣ.
Чу хоҳиш кард бисёр аз дили пок,
Чу оби чашми худ ғалтид бар хок.
Фарохӣ додаш Эзид дар дили танг,
Калидашро баровард оҳан аз санг.
Ҷавон шуд гулбуни давлат дигар бор,
Зи талхӣ раст Ширини шакарбор.
Ниёиш дар дили Хусрав асар кард,
Дилашро чун фалак зеру забар кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё