Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу афтод ин сухан дар гӯши Фарҳод,
Зи тоқи кӯҳ чун кӯҳе дарафтод,
Баровард аз ҷигар оҳе чунон сард,
1
Ки гуфтӣ дурбоше бар ҷигар х(в)ард.
Ба зорӣ гуфт, к-овах, ранҷ бурдам,
Надида роҳате, дар ранҷ мурдам.
Агар сад гӯсфанд ояд фаропеш,
Барад гург аз гала қурбони дарвеш.
Чи хуш гуфт он гулобӣ бо гулистон,
Ки ҳар ч-ат боз бояд дод, мастон.
Фурӯ рафта ба хок он сарви чолок,
Чаро бар сар нарезам ҳар замон хок?
Зи гулбун рехта гулбарги хандон,
Чаро бар ман нагардад боғ зиндон?
Парида аз чаман кабки баҳорӣ,
Чаро чун абр нахрӯшам ба зорӣ?
Фурӯ мурда чароғи оламафрӯз,
Чаро рӯзам нагардад шаб бад-ин рӯз?
Чароғам мурд, бодам сард аз он аст,
Маҳам рафт, офтобам зард аз он аст.
Ба Ширин дар адам хоҳам расидан,
Ба як так то адам хоҳам давидан!
Салои дарди Ширин дар ҷаҳон дод,
Замин бар ёди ӯ бӯсиду ҷон дод…
Бибояд ишқро Фарҳод будан,
Пас он гоҳе ба мурдан шод будан.
Муҳандис дастаи пӯлодтеша
Зи чӯби нори тар кардӣ ҳамеша,
Зи баҳри он ки бошад дастгираш,
Ба даст-андар бувад фармонпазираш.
Чу бишнид ин суханҳои ҷигартоб,
Фарози кӯҳ кард он теша партоб,
Синон дар санг рафту даста дар хок,
Чунин гӯянд, хоке буд намнок,
Аз он даста баромад шӯшаи нор,
Дарахте гашту боре дод бисёр,
Аз он шӯша кунун гар нор ёбӣ,
Давои дарди ҳар бемор ёбӣ.
Низомӣ гар надид он норбунро,
Ба дафтар-дар чунин хонд ин сухунро.

Найзаи душоха, ки посбонон пеш-пеши шоҳ бо нидои «дур бош» халқро аз роҳ барканор мекарданд.

пешина
аз 349
навбатӣ