Ҳафтахтар Ҷилди 3

Шуда бар кӯҳ кӯҳе бо дили танг,
Саре бар санг мезад бар сари санг,
Чу оҳу сабзае бар кӯҳ дида,
Зи шӯристон ба гӯристон рамида.
ОГОҲИИ ХУСРАВ АЗ РАФТАНИ
ШИРИН БА НАЗДИ ФАРҲОД
Ҷаҳонсолор Хусрав ҳар замоне
Ба чарбӣ ҷустӣ аз Ширин нишоне.
Ҳазораш бештар соҳибхабар буд,
Ки ҳар як бар сари коре дигар буд.
Гар ангуште задӣ бар бинӣ он моҳ,
Маликро як ба як кардандӣ огоҳ,
Дар он муддат, ки шуд Фарҳодро дид,
На кӯҳ, он қалъаи пӯлодро дид,
Хабар доданд солори ҷаҳонро,
Ки чун Фарҳод дид он дилситонро,
Даромад зӯри дасташро шукӯҳе,
Ба ҳар захме зи пой афканд кӯҳе.
Аз он соат нишоте даргирифтаст,
Зи санг оини сахтӣ баргирифтаст.
Бад-он оҳан, ки ӯ санг озмун кард,
Тавонад Бесутунро бесутун кард,
Куланге мезанад чун шери ҷангӣ,
Куланге не, ки ӯ бошад куланге.
Бичарбад рӯбаҳ, ар чарбӣ-ш бошад,
В-агар бо гург ҳамҳарбӣ-ш бошад.
Чу аз динор гавро бештар бор
Тарозу сар бигардонад зи динор.
Агар монад бад-ин қувват яке моҳ,
Зи пушти кӯҳ берун оварад роҳ.
Малик бесанг шуд з-он санг суфтан,
Ки боисташ ба тарки лаъл гуфтан,
Ба пурсиш гуфт бо пирони ҳушёр:
Чи бояд сохтан тадбири ин кор?
Чунин гуфтанд пирони хирадманд,
Ки гар хоҳӣ, ки осон гардад ин банд,
Фурӯ кун қосидеро, к-аз сари роҳ
Бар ӯ гӯяд, ки Ширин мурд ногоҳ.
Магар якчанде афтад дасташ аз кор,
Диранге дар ҳисоб ояд падидор.
Талаб карданд нофарҷомгӯе,
Гиреҳпешоние, дилтангрӯе,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё