Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ки эй кӯҳ, арчи дорӣ санги хора,
Ҷавонмардӣ куну шав пора-пора.
Зи баҳри ман ту лахте рӯй бихрош,
Ба пеши захми сангинам сабук бош,
Вагарна ман ба ҳаққи ҷони ҷонон,
Ки то он дам, ки бошад бар танам ҷон,
Наосояд танам з-озор бо ту,
Кунам ҷон бар сари пайкор бо ту!
Шабоҳангом, к-аз саҳрои андӯҳ
Расидӣ офтобаш бар сари кӯҳ,
Сиёҳӣ бар сапедӣ нақш бастӣ,
Алам бархостӣ, султон нишастӣ,
Шудӣ наздики он сурат замоне
Дар он санг аз гуҳар ҷустӣ нишоне,
Задӣ бар пои он сурат басе бӯс,
Баровардӣ зи ишқаш нола чун кӯс,
Ки эй меҳроби чашми нақшбандон,
Давобахши даруни дардмандон,
Бути симинтани сангиндили ман,
Ба ту гумраҳ шуда мискин дили ман,
Ту дар санге чу гавҳар пойбаста,
Ман аз санге чу гавҳар дилшикаста.
Замоне пеши ӯ бигристӣ зор,
Пас аз гиря намудӣ узри бисёр
В-аз он ҷо бар шудӣ бар пуштаи кӯҳ,
Ба пушт-андар гирифта бори андӯҳ.
Назар кардӣ суи қасри дилором,
Ба зорӣ гуфтӣ: эй сарви гуландом,
Ҷигарполудаеро дил барафрӯз,
Зикорафтодаро коре даромӯз,
Муроди бемуродеро раво кун,
Умеди ноумедеро вафо кун.
Ту худ, донам, ки аз ман ёд н-орӣ,
Ки ёре беҳтар аз ман ёд дорӣ.
Манам ёре, ки бар ёдат шабу рӯз
Ҷаҳон сӯзам ба фарёди ҷаҳонсӯз.
Туро то дил ба Хусрав шод бошад,
Ғарибе чун манат кай ёд бошад?
Нишаста шод Ширин чун гули нав,
Шакаррезон ба ёди рӯи Хусрав,
Фидо карда чунин Фарҳоди мискин
Зи баҳри ҷони Ширин ҷони ширин,
Агарчи н-орӣ, эй бадри мунирам,
1
Пас аз ҳиҷҷаву умре дар замирам,
Сол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё