Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БОРИ ДИГАР ДАР БОРАИ НОБИНОИИ РЎДАКӢ

Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аз дурахшонтарин ситораҳои осмони адабиёти олам аст, ки рўзгору осори ў ҳанўз ба таври пурра таҳқиқ нашудаанд.. Ҳарчанд роҷеъ ба ин суханвари бузург муҳаққиқони зиёде аз кишварҳои гуногун осори фаровон офаридаанд, вале ҳанўз чандин лаҳзаи рўзгору осори шоир норавшан мондааст. Яке аз он маъалаҳои норавшане, ки дар тўли ҳазор сол мавриди баҳс аст, нобиноии Рўдакӣ мебошад. Аз шоири ҳамзамони ў Абўзироаи Гургонӣ шурўъ намуда, то имрўз адибону донишмандони зиёде роҷеъ ба ин масъала андешаҳои мухталиф баён кардаанд.Он андешаҳоро донишманди маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев чунин дастабандӣ намудааст :
«Ахбороти дар ин бора боқӣ гузоштаи муаллифони сарчашмаҳоро агар ҷамъбаст намоем, мумкин аст онҳоро ба панҷ қисм ҷудо кард. Як қисм муаллифон ўро «акма» - кўри модарзод меноманд. Қисми дувум ўро шоири нобино тасвир карда, дар бораи аз кадом вақт сар карда, кўр шудани ў чизе намегўянд.
Қисми севум ўро шоири тирачашм гуфтаанд. Қисми чорум чунин ақида доранд, ки Рўдакӣ дар поёни умр кўр шуда ва нобино гардонда шудааст. Ниҳоят гурўҳи панҷум дар ин бора ба куллӣ хомўш мондаанд».
Гурўҳи бузурги адибону донишмандон амсоли Муҳаммад Авфӣ, Ҳерман Эте, Ҷ. Дармстетер, Шиблии Нўъмонӣ, Садриддин Айнӣ, Забеҳулло Сафо, Бадеуззамон Фурўзонфар, Ғуломҳусайни Юсуфӣ, А. Семёнов, А. Тоҳирҷонов, Садрӣ Саъдиев Рўдакиро кўри модарзод донистаанд. Далели асосии онҳо маълумоти зайли Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобулалбоб» мебошад: «Рўдакӣ аз наводири фалакӣ будааст ва дар зумраи аном аз аҷоиби айём.
Акма буд, аммо хотираш ғайрати хуршеду маҳ буд. Басар надошт, аммо басират дошт…Чашми зоҳир баста дошт, аммо чашми ботин кушода». Ҷои дигар боз таъкид шудааст: «Ва аз модар нобино омада, аммо чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон тамомат ҳифз кард».
Тавре ки маълум аст, тазкираи «Лубобулалбоб»-ро Муҳаммад Авфӣ пас аз тақрибан 300 соли даргузашти Рўдакӣ навиштааст. Ҳамчунин тазкираи мазкурро Авфӣ дар Ҳиндустон таълиф кардааст. Аз ин рў на ҳамаи иттилооти ў боэътимод мебошанд. Донишманди маъруфи англис Э. Браун, ки бори аввал ин тазкираро ба чоп омода намудааст, низ дар муқаддимаи он навиштааст: «Дар баъзе маворид, махсусан дар бораи иттилооту маълумоте, ки аз зиндагонии шоирон ва нависандагон ба даст медиҳад, фавқулода ноқису кўтоҳ ва ноумедкунанда аст…» Мо аз баррасии назари ҳамаи муҳаққиқони мазкур худдорӣ намуда, аз рўи зарурат танҳо дар бораи баъзе аз онҳо таваққуф мекунем. Зеро дар асарҳои Саид Нафисӣ, А. Мирзоев ва ба хусус А. Тоҳирҷонов ва Аълохон Афсаҳзод роҷеъ ба онҳо ба таври муфассал сухан рафтааст.
Чунонки ёд шуд, аввалин касе, ки ба кўрии Рўдакӣ ишора кардааст, шоири ҳамзамони ў Абўзироаи Гургонӣ мебошад, ки таънаомез навиштааст:

пешина
аз 625
навбатӣ