Равзанаи адаб

Дар адабиётшиносии тоҷик ин матлабро Х. Мирзозода равшан баён карда, «алоқаи ғоявии Рўдакӣ бо ҳедонисм»-ро таъкид менамояд ва «илми Юнонро ҷўйи хушк» номидан ва худро «пайрави пайғамбарон» эълон кардани вай танҳо дар забон аст»
мегўяд.
Мусаллам аст, ки Рўдакӣ бо осори файласуфони Юнон аз рўйи тарҷумаҳои арабии онҳо ошно буд ва пас аз мутолиаи онҳост, ки нисбат ба фалсафаи Шарқ хушк будани онро пай бурдааст. Вале бо вуҷуди ин андешаҳои ҳаётдўстии шоирро ба фалсафаи эпикурӣ марбут донистан дуруст нест. Зеро тавре баён шуд, андешаҳои ҳаётдўстиву хушгузаронии умри Рўдакӣ дорои маншаъҳои шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ буда, ба муҳити зиндагии шоир дар боргоҳи Сомониён иртиботи мустақим дорад.
Ҳамчунин ин аз равиши тасвири ҳақиқатнигории Рўдакӣ шаҳодат медиҳад, ки дар ин бора муҳақққиқи эронӣ Г. Вакилиён дуруст навиштааст:«Решаҳои тафаккури хушбошӣ, лаззатҷўӣ ё иттако ба фалсафаи эпикуриро ба заъми бештари муҳаққиқон дар шеъри Рўдакӣ метавон ҷустуҷў карду басомади болои ин тарзи тафаккур дар ашъори ангуштшумори ў, ҳокӣ аз навъи воқеънигорӣ дар ҷаҳонбинии ўст, ки баъдҳо маншаъи ҷаҳоннигарию тафаккури хайёмӣ, яъне «дамро ғанимат шумурдан» шуду агар ин вежагӣ шохиси ашъори Хаёйёму сабаби аслии шўҳрати ў аст, вале дар асл кушояндаи ин боб дар арсаи шоирӣ Рўдакӣ мебошад». Ҳамчунин Х.Мирзозода андешаҳои Рўдакиро ба ақидаи риндии ў марбут медонад. Дарвоқеъ баъзе хислатҳои ринди Ҳофизро метавон дар симои қаҳрамони ғиноии ашъори Рўдакӣ ва шоирони асрҳои Х-Х11, ба хусус Умари Хайём мушоҳида кард.
Вале мусаллам аст, ки образи ринд маҳсули қарни Х1У буда, дар осори Ҳофиз ва ҳамзамони ў Убайди Зоконӣ ташаккул ёфтааст.
Баррасии оҳангҳои шодиву тараб ё хушгузаронии умр дар ашъори бозмондаи Рўдакӣ симои ўро чун инсону шоири хушбине пеши назар меорад, ки алорағми мушкилоту сахтиҳои рўзгор бо рўҳбаландиву боландагӣ мардумро ба дўст доштани зебоиву лаззатгирӣ аз неъматҳои зиндагӣ даъват намудааст ва ин рўҳияро дар шеъри тоҷику форс пойдор кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё