Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.

Хушгузаронии умр дар ашъори ишқии Рўдакӣ низ ифода ёфтааст. Олами ишқ пур аз тазоду ихтилофҳост ва шоирон бештар аз ғаму дарди он сухан ронда, аз бевафиву бераҳмии маъшуқ, дарду ранҷи ҳиҷрон шикоят кардаанд. Дар ишқияҳои Рўдакӣ низ чунин оҳангҳо ба назар мерасанд. Вале ошиқи ў ғамзадаву малўл нест ва бештар дорои рўҳияи шодиву тараб мебошад. Ў ҳатто аз ғами ишқу ҳаҷри маъшуқ шодон аст:

Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст.
Андеша кунам ҳар шабу гўям: «Ё раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст ?!

Дар ишқияҳои Рўдакӣ ҳама чизи зебо шодиовар аст. Рўю мўйи зебо, қаду қомати боло, ҳусни офтобосову рафтору гуфтори шевои маъшуқ ба ошиқ нишоту хушҳолӣ ато менамоянд.Ҳатто шунидани номи маъшуқ ба ошиқ шодиву нишот меорад ва ҳама ғаму ғуссаро аз ў дур месозад:

Номат шунавам, дил аз фараҳ зинда шаад,
Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.

Хушгузаронии умр дар ашъори Рўдакӣ бо маю майгусорӣ иртиботи қавӣ дорад. Май василаи шодиву тараб буда, ғаму андўҳро мезудояд, боиси оромиши тану хотир мегардад:

Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.
Ба покӣ, гўйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушшӣ, гўйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ.
Саҳоб астӣ қадаҳ, гўию май қатрай саҳоб астӣ,
Тараб, гўйӣ, ки андар дил дуъои мустаҷоб астӣ.
Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,
Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ.

Май аз нигоҳи Рўдакӣ на танҳо василаи ғамзудоист, балки иксирест, ки моҳияти шахс, олами ботинии ўро ошкор месозад:

пешина
аз 625
навбатӣ