Равзанаи адаб

Замона гўю ту чавгон, барои хешат боз.
Шоир барои баёни матлаб бесабаб ба аспу чавгон рўй наовардааст. Аввалан онҳо падидаҳои моддиву ҷузъи зиндагии инсонанд. Сониян ҳам асп ва ҳам чавгон бо ҳаракату ҷунбиш ва пешрафту фараҳмандӣ иртибот доранд ва худи ба назар овардани лаҳзаи варзиши чавгон касро ба ваҷд меорад, рўҳбаланд месозад, ба пешрафту ҷўшу хурўш ҳидоят менамояд Барои хушбахтиву хушрўзии инсон Рўдакӣ чаҳор шартро зарур мешуморад. Пеш аз ҳама тандурустист, ки пояи ҳаёти хушу хуррами инсон буда, бидуни он наметавон хушбахтиро тасаввур кард.Вале барои хушбахтии инсон танҳо саломатии тан кофӣ нест.
Аз ин рў барои хушбахтии инсон доштани хислатҳои нек, номи нек ва донишро зарур мешуморад ва василаи шодиву тараб медонад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хўйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзидаш ин чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахўрад.
Хушгузаронии умр дар ашъори Рўдакӣ бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ робитами мустақим дорад. Шоир ростиро василаи асосии зиндагии шоду пурнишоти инсон медонад. Касе, ки дар зинданӣ ростраву росткор аст, муваффақу шодком хоҳад буд:
Ҳар к-ў биравад рост, нишастаст ба шодӣ
В-он к-ў наравад рост, ҳама мурда ҳамедеш.
Муомилаву муносибати хуб ва хушгуфторӣ низ боиси хушҳоливу тараб дар одамон мегардад:
Рух, ки пеши ёр бинмоӣ,
Дили ту хуш кунад ба хуш гуфтор.
Мадорову муросоро Рўдакӣ яке аз шартҳои осоиши рўзгор ва мустаҳкамии иртиботи одамон медонад:
Ў хашм ҳамегтраду ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рўз ба нав ёри дигар менатавон кард.
Тарки ҳама хислатҳои зишт ба инсон хушҳоливу хушбахтӣ меорад. Аз ҷумла дурӣ аз тамаъ на танҳо худи касро, балки дигаронро низ нисбат ба ў карим мегардонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё