Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пешрафти сареъи адабиёт нақши худи ҳокимони фозилу донишманди сомонӣ, ба хусус вазирони маъруфи онҳо Абдулфазли Балъамӣ, Абдулҳусайни Утбӣ, Абўалии Балъамӣ, Абўабдуллои Ҷайҳонӣ бузург аст10. Зеро худи онҳо дар офаридани осори муҳими таърихиву ҷуғрофӣ ба забони форсӣ намунаи ибрат буданд ва "истихдом дар дастгоҳи давлат беҳтарин василаи ташвиқ ва ҳимоят аз удабову донимашндон буд" Дарвоқеъ, таъсиси девони шоирон, яъне доираи адабӣ дар дарбор, ғамхориву сарпарастии ҳарҷонибаи моддиву маънавӣ нисбат ба адибон, ки Сомониён ба ҳукми анъана дароварданд, аз таваҷҷўҳи зиёди онҳо ба адабиёт гувоҳӣ медиҳад. Дар бораи ҳадяҳои фаровоне, ки амирони сомонӣ ба Рўдакиву муосиронаш додаанд, сарвату давлати зиёди шоирони замон, вазъи хуби моддии онҳо дар манобеи таърихӣ далелҳои зиёде мавҷуданд.
Худи шоирон низ аз ғамхории ҳокимони сомонӣ бо сипосгузорӣ ёд кардаанд. Аз ҷумла, Рўдакӣ дар қасидаи "Шикоят аз пирӣ" таъкид мекунад, ки ў на танҳо аз амирони сомонӣ, балки аз деҳқонону сарватмандони дигар низ пайваста атоҳои фаровон дарёфт мекардааст. Шоир эътироф мекунад, ки хушрўзиву бузургии ў маҳз ба шарофати ғамхории Сомониён аст:

Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ў сим буду ҳамлон буд.
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи оли Сомон буд.

Яке аз муҳимтарин омилҳои фарҳангии пешрафти адабиёти
аҳди Сомониён, бешубҳа, рушду камоли забони порсии дарӣ ва
таваҷҷўҳи хоси давлат ба он аст. Зеро забони порсии дарӣ дар
қарни 9-10 василаи муҳими иттиҳоди мардуму қавмҳои
эронинажоди Мовароуннаҳру Хуросон ва Форс гардид. То истилои арабҳо дар сарзаминҳои мазкур забонҳои суғдиву хоразмӣ, бохтариву тахорӣ, паҳлавию озарӣ ва даҳҳо забонҳои дигар амал мекардаанд, ки аз байн рафтанд ва забони форсии дарӣ ҷои онҳоро гирифт ва барои нигаҳдошти ҳуввияти миллии эрониён хидмати бузурги таърихиро анҷом дод.

пешина
аз 625
навбатӣ